Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)
(Аввалаш дар шумораҳои гузаштаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”)
Қадами аввал ба роҳи сухан
Фарши кӯҳна зери қадамҳои ҷавони навқад оҳе кашид. Оҳе, ки гӯё замонҳои сахти гузашта ва интизориҳои ноаёни ояндаро якбора ба ёд меовард.
Муродуллоҳ Шерализода дари редаксияи “Маориф ва маданият”-ро бо эҳтиёт кушод. Миёни деворҳои кандашуда ва тирезаҳои чӯбини фарсуда ҳанӯз бӯйи қалами ростин ба машом мерасид.
Дар қабулгоҳ, зани миёнасоли дар чашм айнаки ғафс, як дида ба Муродуллоҳ ва дидаи дигар ба дафтари қайдҳо, пурсид:
– Шумо кистед?
– Муродуллоҳ Шерализода,- посух дод ӯ.
Нафаси вақт гӯё танг омада буд. Лаҳзае пас аз дари нимбоз овози маҳин ва каме баланди бонуе ба гӯш расид:
– Дароед.
Муродуллоҳ дари ҳуҷраи сармуҳаррирро боз кард.
Дар паси мизи чӯбин, ки рӯяш пур аз варақҳову китобҳо буданд, зани гандумгуне менишаст.
Вай Бӯринисо Бердиева буд.
Рӯйи гарм, нигоҳи чашмонаш гиро ва зебо, ки мисли чашмаи ороми нилгуни кӯҳистон одамро ба худ мекашанд, ба сӯяш дӯхта шуданд. Ӯ нигоҳ ба ҷавон андохт. Нигоҳи амиқи синчакорона.
Вай бо ангуштони нарм, ки дар яке аз онҳо ангуштарии гирди маҳини бо мурури замон хӯрдашудаи тиллоӣ дошт, аризаро аз дасти Муродуллоҳ гирифт, ба он нигоҳе карду пас аз як лаҳза таваққуф бо овозе, ки мисли насими сабуки кӯҳистон гӯшҳоро ламс мекард, гуфт:
– Аз куҷо мешавӣ?
– Аз Кулолӣ,- ҷавоб дод Муродуллоҳ бо он оромие, ки хоси мардуми деҳот аст.
Нигоҳи Бӯринисо андаке мулоим шуд. Лабонаш ба табассум моил гашт, аммо дар чашмонаш нуре чун субҳи офтобӣ шуъла мезад:
– Аз зодгоҳи Рӯдакӣ?
Муродуллоҳ бо ҷунбонидани сар тасдиқ кард.
Ҳамин дам аз гӯшаи дар Дорои Дӯст, корманди рӯзнома ва Зиёбой Абдуев, ҳамдеҳаи Муроддуллоҳ вориди дафтари кори сармуҳаррир шуданд.
Зиёбой ба Бӯринисо муроҷиат кард:
– Апа, Муродуллоҳ ҳамдеҳаи ман аст. Дастгирӣ кунед.
Бӯринисо бо муҳаббат ба ҷавон нигарист, ки худро гиронда канори дар истода буд. Ҳамин лаҳза ба хотири Муродуллоҳ қиссаи аз сокинони дараи Зимтуд шунидааш зинда гашт. Боре ворӯгиҳо, ки пиёда ҷониби деҳаашон мерафтанд, шоҳиди манзараи аҷибе мешаванд: дар минтақаи Пушти Хамба марде бо ду даст санги азимеро болои сар бардошта, ҷониби Ҳуснобод медавид. Мардум аз тарс худро канор мегирифтанд, гумон мекарданд, ки мард девона шудааст ва бо санг ба сари онҳо мезанад. Аммо баъдтар маълум гашт, ки он мард варзишгари номдори дараи Киштуд Зиёбой Абдуев будааст, ки дар Институти тарбияи ҷисмонии Душанбе дарс медод. Ӯ ҳамарӯза санги бузургеро бардошта, панҷ километр кросс медавидааст, то баданашро обутоб диҳад ва руҳашро қавӣ созад.
Ҳоло, бо дидани Зиёбой дар дафтари сармуҳаррир, Муродуллоҳ як ҳисси ифтихор ва итминон дар дил эҳсос кард – ҳамдеҳаи тавоно ва боиродааш дар паҳлуяш аст.
Бӯринисо ба Муродуллоҳ нигарист. Нигоҳаш пур аз умед буд.
– Агар мехоҳӣ бо қалам зинда бошӣ, бояд ҳар ҳарфатро бо хуни дил нависӣ. Ин ҷо танҳо навиштан нест, ин ҷо зиндагӣ кардан бо сухан аст,- оромона гуфт ӯ.
Ҳамин тавр, Муродуллоҳ нахустин қадами худро ба олами сухан гузошт. Дар ҳамин гӯшаи манзили аввали бинои сеқабатае, ки дарҳояш чӯбин, фаршаш рангмолишуда ва сӯрохҳои фарсудаи заминаш шаҳодат аз умрҳои гузашта медоданд, дар кунҷе, ки бӯйи коғаз ва орзу ҳамнафас буданд, тақдири як ҷавони деҳотӣ бо қалами миллати худ гиреҳ мехӯрд.
Берун аз ин гӯшаи орзуҳо, дар кунҷи кӯча, чойхонаи хоксоронае буд. Мизҳояш фарсуда, тахтаҳояш шикаста, вале ҳавояш пур аз ҳикмат ва садои хомӯши таърих буд. Бӯйи чойи сабз, навои мулоими суханҳои нимгуфта ва нигоҳҳои пурмаънӣ фазоро ба як мактаби зиндагӣ табдил медоданд.
Дар паҳлуи редаксия бинои якқабатаи хоксоронаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷой дошт. Биное, ки деворҳояш нафаси суханони бузургро мекашид ва дар долонҳояш сукути пурмаънои шахсиятҳои беҳамтое мисли Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Убайд Раҷаб, Ҷалол Икромӣ танин меандохт.
Ин мардони андеша ва қалам ба ин чойхонаи кӯчак меомаданд. Онҳо бо шеъру сухан на, балки бо сукути худ суҳбат мекарданд. Ҳар қадам, ҳар нигоҳ, ҳар табассуми камҳарфи онҳо худ дарси камол, дарси масъулияти сухан ва виҷдон буд.
Муродуллоҳ бо ҳамкорашон дар кати шафати онҳо чой менӯшид. Ӯ ба ҳар ҳаракати онҳо бо эҳтироми кӯдакона менигарист. Ҳар гапи кӯтоҳ, ҳар имову ишора, ҳар табассум ё андеша барои ӯ дафтари нонавиштаи зиндагӣ буд, ки бар варақҳои ноаёни қалбаш сабт мешуд.
Дар ниҳоди худ, ӯ ба хомӯшӣ қасам хӯрд: “Ман низ бояд чунин шавам. На бо доду фиғон, балки бо шукӯҳи виҷдон, бо садоқат ба сухан ва ба ҳақиқат”.
Он рӯз, дар он чойхонаи хоксорона аввалин тухми орзуи ӯ дар замини поки дил сабзид…
Қаҳрамони Наврӯз ва Мактаби виҷдон
Идораи рӯзномаи “Маориф ва маданият” барои Муродуллоҳ Шерализода танҳо ҷойи кор набуд, ӯ ба мактаби виҷдон ва озодандешӣ қадам гузошта буд. Дар маркази ин мактаб зани фурӯтан, вале неруманд Бӯринисо Бердиева қарор дошт.
Он замон, ки сухани озод зери сояи тарс қарор дошт ва ҳар ҳарфи ҳақ метавонист нақши сархӯриро дошта бошад, Бӯринисо ба ҷабҳаи нонамоёни озодандешӣ пайваст. Вай намояндаи идеология набуд – фарзанди ҳақиқат буд.
Муродуллоҳ, ҷавони пурорзую хомӯш дар ҳамин муҳит, дар миёни садоҳои пуртаҳдид ва руҳҳои ҷонфидо бо қудрати воқеии сухан ошно шуд.

Бедоршавии Наврӯз
Солҳои 60-ум Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун анъанаи қадимӣ зери муҳри “ба расмият шинохтанашаванда” нигоҳ дошта мешуд. Чун авроқи рангини таърихии дигар, ки ба бедории миллӣ водор месозанд, таҳти фишори идеологияи расмӣ қарор доштанд.
Аммо Бӯринисо дар шаби хомӯшии маҷбурӣ ҷуръат кард.
Бо иродаи хеш ва бе иҷозати Кумитаи Марказӣ, бо пуштибонии баъзе роҳбарони далер, мисли Сарвазир Абдулаҳад Қаҳҳоров, шумораи махсуси Наврӯзиро омода ва чоп намуд.
Рӯзи 21-уми март, варақҳои сабзу сафеди рӯзнома мисли баргҳои баҳорӣ дар Душанбе пароканда шуданд. Шаҳр, ки аз чунин бедорӣ бехабар буд, дар ҳайрату шодмонӣ ғарқ гашт.
Сарфи назар аз таҳдидҳо ва муҳокимаҳои сахти сиёсӣ, Бӯринисо оромона гуфт:
– Ман танҳо ҳақиқатро гуфтам.

“Қаҳрамони Наврӯз”–и Бозор Собир
Бозор Собир, он замон ходими адабии рӯзнома, баъдтар шоири мардумӣ дар шеъре бо унвони “Қаҳрамони Наврӯз”менависад:
Зан буд, вале набуд чун зан,
Муҳтоҷ ба атру рангу равған.
Ранге, ки ба дасту панҷааш буд,
Ранги тари рӯзномааш буд…
Чандин сари сол то ба имрӯз
Дар фикри касе набуд Наврӯз.
Наврӯз савори турна мерафт
Шабҳо, ки касе набинадаш рӯз.
Бо нашри дусад мақолаи ӯ,
Бо кашмакаши дусолаи ӯ,
Наврӯзи Аҷам фаромад охир
Аз шаҳпари турнаи муҳоҷир…
Наврӯз дигар танҳо дар шеъру достонҳои куҳан набуд. Он ба воқеият баргашт – ба саҳифаҳои рӯзгор, ба дилҳои мардум.
Мактаби беадолатӣ ва садоқат
“Маориф ва маданият” акнун минбари бедорсозии миллӣ гашт. На ҷойе барои чопи ахбори расмӣ, балки мактабе, ки дар он виҷдон, масъулият ва ҷуръат меомӯхтанд.
Он ҷо устодоне чун Сотим Улуғзода, Ғаффор Мирзо, Ҷумъа Одина ва дигарон паноҳ меҷустанд. Ҷойе, ки сухани ҳақ бештар аз ҳар навъи унвон ва нишон қимат дошт.
Дар ҳамин муҳит Муродуллоҳ аввалин бор фаҳмид: “Рӯзноманигорӣ на ба муҳр ва унвон, балки ба виҷдон ва адолат бастагӣ дорад”.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ