“Гороскопи маҳрамона” дар рӯйхати хизматрасониҳои Наҷмуддинова

Сурайё Наҷмуддинова, сокини 45-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан ду маротиба барои машғулияти ғайриқонунӣ бо фолбинӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд, фаъолияти худро қатъ накардааст.

Вай бо сӯистифода аз эҳсосот ва боварҳои динии муроҷиаткунандагон, нисбати як қатор ҷавонмардон амалҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта анҷом додааст.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳанд, ки ин ҳолатро кормандони Шуъбаи тафтишоти ҷиноии Раёсати корҳои дохилии пойтахт муайян намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, Сурайё Наҷмуддинова бо баҳонаи тарҳрезии “гороскопи маҳрамона” ва бо истифодаи фиреб дар равобити маҳрамона бо ҷавонон машғул будааст.

Айни ҳол номбурда боздошт шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *