Дастури Президент ба раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Имрӯз, 5 майи соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар суҳбат гузоришҳо дар бораи рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва барқарорсозии манзилҳои зарардида шунида шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, раисони ноҳияҳо иттилоъ доданд, ки корҳо барои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел ва дигар офатҳои табиӣ бо суръат ва муташаккилона идома доранд. Ба онҳо кумакҳои саривақтӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, доруворӣ, лавозимоти тиббӣ, хаймаҳо, маводи сохтмонӣ ва техникаи зарурӣ расидааст. Сохторҳои гуногуни наҷотдиҳӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо ҷалби қувваи кофии корӣ ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ машғуланд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуд, ки корҳои барқарорсозӣ бояд бо сифати баланд ва суръат ба роҳ монда шаванд, то ҳарчӣ зудтар шароити зист барои мардуми зарардида муҳайё гардад. Сарвари давлат ҳамчунин ба раисон дастуру тавсияҳо дод, ки кишти картошка, ки дар минтақа ҳамчун нони дуюм маъруф аст, саривақт анҷом дода шавад, то ҳосили фаровон ба даст ояд.
Ба раисони ноҳияҳо барои кори самаранок ва ҷиддии онҳо дар бартарафсозии оқибатҳои офат изҳори сипос карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ