Дар Хатлон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондаанд

Имсол 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мегардад. Маълум гардид, ки дар вилояти Хатлон танҳо ҳашт нафар иштирокчии ин ҷанги хонумонсӯз боқӣ мондаанд.

Тавре аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ба сомонаи Pressa.tj иттилоъ доданд, иштирокчиёни боқимондаи ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон зиндагӣ мекунанд.

Рӯихати иштирокчиён чунин аст:

  • Розиқ Қосимов, 99-сола, ноҳияи Вахш;
  • Машраб Давлатов, 99-сола, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  • Ҳабиб Сафаров, 99-сола, ноҳияи Ҷайҳун;
  • Мирзо Ғафоров, 99-сола, ноҳияи Хуросон;
  • Аҳё Мирзоев, 99-сола, ноҳияи Ховалинг;
  • Гулмурод Тағоев, 101-сола, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;
  • Зайнулло Алиев, 100-сола, шаҳри Бохтар;
  • Файзалии Сафаралӣ, 102-сола, шаҳри Бохтар.

Ҳамаи онҳо бо нафақаи давлатӣ таъминанд, ки ҳаҷми он беш аз 1500 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *