Дар Душанбе аввалин намоишгоҳи “INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2025” баргузор мешавад
Аз 22 то 24 майи соли 2025 дар Маркази байналмилалии ЭКСПО дар шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии “INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2025” баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳим аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба мавзӯъҳои саломатӣ ва зебоӣ бахшида шудааст.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо ва коршиносон аз кишварҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Лаҳистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карда, маҳсулоти муосир ва технологияҳои навро муаррифӣ менамоянд. Зиёда аз сад навъ маҳсулоти дорусозӣ, косметикӣ, нигоҳубини пӯсту мӯй, ғизои солим, таҷҳизоти варзишӣ ва хидматрасониҳои тиббӣ ба тамошо гузошта мешаванд.
Меҳмонон имкон доранд бо тамоюлҳои навтарин дар соҳаи зебоӣ ва саломатӣ шинос шаванд, дар дарсҳо ва рӯнамоӣ ширкат варзанд, маслиҳатҳои мутахассисонро гиранд ва аз тахфифҳои пешниҳодшуда истифода баранд.
Чорабинии мазкур барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва огоҳии ҷомеа дар бораи тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Барои маълумоти бештар ва иштирок дар намоишгоҳ бо рақами телефони (+992) 000 888 810 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ