Эрону Тоҷикистон – иқтисод дар рақамҳо
Дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Эрон ба 111 миллион доллар расид. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,9% афзоиш ёфтааст. Ин рақам далолат ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар мекунад.
Пешрафт дар соҳаҳои гуногун
Тавсеа ва афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Эрон дар асоси “Барномаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022-2030” сурат мегирад. Барнома, ки бо мақсади таъмини рушди устувор ва эҷоди имкониятҳои нав барои ҳамкориҳои байниҳукуматӣ таҳия шудааст, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла транзит, сайёҳӣ, намоишгоҳҳои муштарак ва ҷалби сармоя нақши муҳимро мебозад.
Ҳамкориҳо дар бахши транзит, ки Тоҷикистон дар он як нуқтаи муҳим дар минтақаи Осиёи Миёна ва Эрон ҳамчун марз бо бозорҳои ҷаҳонӣ хизмат мекунад, якҷо бо дигар бахшҳо, ба рушди густурдаи иқтисодии ду кишвар мусоидат менамояд.
Аз равобити тиҷоратӣ то рушди муносибот
Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини аввали ноиби президенти Эрон оид ба масоили байналмилалӣ Алӣ Наҷафӣ Хушрӯзӣ, ки 15-evb апрел дар Душанбе сурат гирифт, таъкид гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар дар солҳои оянда тақвият хоҳанд ёфт. Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, баргузории намоишгоҳҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишварҳо гуфтушунид карданд.
Шарикони стратегӣ дар минтақа
Эрон ва Тоҷикистон дар солҳои охир муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро вусъат бахшиданд. Ҳоло дар як қатор лоиҳаҳои стратегӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат нишон медиҳад, ки ду кишвар дар расидан ба пешрафти муштарак қарор доранд.
Вохӯрии ҳайати эронӣ бо мақомоти Тоҷикистон, ки то 17-уми апрели соли равон дар Душанбе идома ёфт, баҳсҳо ва ҳамкориҳои амиқ дар доираи сиёсати хориҷии ду кишварро боз ҳам такмил бахшид. Мулоқотҳо, ки дар сатҳи баланди дипломатӣ сурат гирифтанд, ба гуфтаи мутахассисон, барои тақвияти сиёсати иқтисодӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар ду кишвар хеле муҳим хоҳанд буд.
Маврид ба таъкид аст, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Эрон соли 2024 ба 378 миллион доллар расида буд. Аммо намояндагони блоки иқтисодии ду кишвар таъкид мекунанд, ки чунин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо иқтидорҳои мавҷуда ночиз мебошанд. Бинобар ин, барои афзоиши савдо ва ҷалби бештари сармоягузорӣ тадбир меандешанд.
Нишондиҳандаҳои оянда
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳаҷми мубодила ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, метавон гуфт, ки Тоҷикистон ва Эрон дар оянда метавонанд ба як модели муваффақи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Осиёи Миёна табдил шаванд. Аммо ба назари таҳлилгарон, барои расидан ба ҳадафҳои амиқ ва ҷорӣ кардани лоиҳаҳои нав, ду кишвар бояд мувозинати дуруст дар идоракунии захираҳо ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи худро таъмин намоянд.
Ҳамкориҳо дар бахши энергетика, хусусан дар самти истеҳсоли барқ ва интиқол ба ҳама гуна муносиботи иқтисодӣ таъсир мерасонанд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистон ва Эрон метавонанд якҷо дар тарҳҳои нав дар бахши энергияи сабз ва иқтисоди рақамӣ кор кунанд, ки ин ба истифодаи саривақтӣ ва самараноки захираҳо мусоидат хоҳад кард.
Афзоиши мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали соли 2025 низ аз тавсеаи муносибатҳо дарак медиҳад.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ