Вақте “нони дуюм” дандон мешиканад…

Бо вуҷуди он, ки мавсими ғунучини ҳосили картошка дар кишвар ҷараён дорад, дар бозорҳои Тоҷикистон нархи ин маҳсулоти ниёзи аввал гарон аст. Сокинон шикоят мекунанд, ки феълан 1 кг картошка дар бозор аз 8 сомонӣ боло аст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ахиран бо нашри гузориши матбуотӣ аз ҳолати кишт ва ҳосили картошка маълумот дод. Аз гузориш бармеояд, ки то 1-уми июли соли 2023 дар Тоҷикистон аз майдони 5 ҳазору 735 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 2 083 гектар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳосилнокии картошка бошад, 16,8 тонна аз 1 гектарро ташкил додааст, ки 1,4 тонна камтар нисбат ба соли пешин мебошад.

Яъне дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 97 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, дар ҳоле ки ҳамагӣ дар 6 моҳи соли гузашта истеҳсоли «нони дуюм» дар ҷумҳурӣ аз 142 ҳазор тонна гузашта буд.

Ҳол он ки, ба иттилои Вазорат, дар соли 2023 майдони умумии кишти картошка 36 ҳазору 508 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 ҳазору 169 гектар зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

Сабаби коҳиши истеҳсоли картошкаро коршиносон дар номусоидии обу ҳаво арзёбӣ мекунанд. Зироаткор Муҳаммадмурод Амиров мегӯяд, ки “сардии ғайримуқаррарӣ дар зимистон ва тӯфони чангу ғубор дар охири фасли баҳор ва аввали тобистон боиси коҳиши ҳосилнокии картошка шудааст”.

“Дар баъзе навоҳии кишвар нашъунамои поя ва барги картошка хуб аст, вале вақте решаи онро мебинӣ, ҳосил кам дорад. Имсол ҳосил чун ҳарсола нест”,- мегӯяд ин картошкапарвар.

Ҳамин аст, ки феълан дар бозорҳои кишвар нархи 1 кг картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 7, 8 ва ҳатто 9 сомониро ташкил медиҳад, ки барои ин давра ғайримуқаррарӣ аст. Ҳамасола дар тобистон ва тирамоҳ нархи ин маҳсулот дар бозорҳо арзон аст. Барои мисол, соли гузашта як кг картошка дар ин шабу рӯз 4 сомонӣ нарх дошт.

Тибқи маълумотҳо, дар кишвари мо як нафар солона ба 92 кг картошка эҳтиёҷ дорад. Бо назардошти ин, талаботи умумии кишвар ба картошка то ба 1 млн тонна мерасад.  

Вале коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки имсол тибқи нишондоди пешакӣ ҳамагӣ 70%-и ниёзи аҳолӣ дар кишвар картошка истеҳсол мешаваду халос. Аз ин метавон хулоса кард, ки соли равон қимати картошка дар бозор гарон хоҳад шуд ва зимистону баҳор шояд нархи “нони дуюм” дандон мешиканад.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *