телефон Вира

Vira — аввалин телефони мобилии тоҷикӣ  

Дар Тоҷикистон бори нахуст истеҳсоли телефони мобилӣ ба роҳ монда шуд. Телефони дусимкортаи Vira аллакай як моҳ аст бо тамғаи «Made in Tajikistan» истеҳсол ва фурӯхта мешавад.

Тамға (бренд)-и телефон ба ҶДММ “Ориён элекрони” тааллуқ дорад. Истеҳсолкунандагон мегӯянд, “виро” (Vira) калимаи форсӣ буда, маънояш зирак, ёдгирандаи ҳушёр, омӯзандаи хушзеҳн аст.

Модели аввали телефони «Vira Model V1»-и Тоҷикистон дар Душанбе сохта мешавад. Қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар лавозимоти он аз Тайланд, Корея, Чин, Тайван ва дигар кишварҳо ворид мешаванд.

Директори ширкати “Ориён электрони” Даниел Ҳусейнӣ мегӯяд, ки нақша доранд то соли 2024 ё пештар аз он телефон бо экрани сенсориро истеҳсол намоянд.

Vira дар заминаи низоми амалиётии Java бо хотираи насбшудаи 100 мегабайт истеҳсол мешавад. Ба он метавон 32 гигабайит флеш-хотираи иловагӣ насб намуд. Ҳамчунин, телефон дорои камераи 1,3 мегапиксел аст. Бо телефон метавон бидуни пайвасти лавозимот ва интернет радио гӯш кард. Илова бар ин, Vira дорои қувваи 1200 mAh аст, ки метавонад 4-5 рӯз бе пуркунии иловагӣ (заряд) кор кунад. Низоми амалиётии телефон бо 4 забон — англисӣ, форсӣ, туркӣ ва русӣ сохта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *