Қодирзода Озодамо

Мураббии сол аз ноҳияи Восеъ. Қодирзода Озодамо кист?

Дар Вазорати маориф ва илми кишвар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мавриди назар Қодирзода Озодамо, мураббӣ аз ноҳияи Восеъ сазовори ҷойи аввал гардид.

Қодирзода Озодамо, мураббии муассисаи томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон аст. Ӯ бо нишон додани маҳорат ва малакаи хуби касбӣ сазовори ҷойи аввал шуда, бо мукофоти пулии панҷ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Қодирзода Озодаморо масъулини ноҳияи Восеъ ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон истиқбол карда, ба ӯ аз номи роҳбарияти вилоят сипоснома тақдим намуданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *