Владимир Зеленский

Зеленский: Ба Украина силоҳ диҳед! (аудио)

Владимир Зеленский дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Давоси Швейтсария баргузор гардид, фосилавӣ баромад намуда, аз муттаҳидони Украина даъват намуд, ки аз дудилагӣ даст кашида, ҳарчи зудтар Украинаро бо силоҳи ҷангии зарурӣ, аз қабили танк, тӯп ва системаҳои дифоии ҳавоӣ таъмин кунанд, чун ба гуфти ӯ, Русия аллакай худро дар сафи гуруҳҳои террористӣ қарор додааст.

Зеленский гуфт, ки “ҷаҳон набояд дар ин масъала калавад, на имрӯз ва на дар оянда. Дунё бояд имрӯз аз як гиребон сар бароварда, бар зидди душмани умумӣ мубориза кунад ва аз кумакҳои низомӣ ба Украина даст накашад. Таъмини Украина бо системаҳои дифои ҳавоӣ маънои онро дорад, ки дар оянда дигар мушакҳои Русия боиси марги аҳолии осоишта дар шаҳрҳои мо намегарданд ва фиристодани танкҳои ғарбӣ ба мо имкон фароҳам меорад, ки бар зидди ҳуҷуми навбатии танкҳои Русия истодагарӣ кунем”.

Коршиносони соҳа дар мавриди пофишории Заленский ба дарёфти танкҳои ғарбӣ таъкид бар он мекунанд, ки ин ишораи бевосита бар роҳбарияти Олмон аст, ки то ба ҳол бо гузаштани наздик ба 1 сол иҷоза намедиҳад кишварҳое мисли Полша ва Финландия танкҳои сохти Олмонро, ки бо номи “Леопард” маъруфанд, ба Украина бидиҳанд. Бар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ, кишварҳо наметавонанд бе иҷозаи давлати истеҳсолкунандаи силоҳ ба тарафи севум силоҳҳои харидаи худро фурӯшанд ва ё диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *