“Визаҷанг” байни Амрикою Русия сар шуд…

Шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд визаи Амрикоро дарёфт кунанд, акнун бояд онро аз кишвари севум ба даст биоранд. Ин тасмими ИМА пас аз он руи даст гирифта шуд, ки Русия кор кардани шаҳрвандони ин кишварро дар Сафорати Амрико мамнуъ эълом кард. Бар асоси ин дастур, русҳо метавонанд барои дархости визаи Амрико ба сафорати он кишвар дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) муроҷиат кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин шаҳрвандони русро дар радаи дархосткунандагони «бе кишвар» қарор додааст. Ин ба он маъно аст, ки Вашингтон дар кишвари онҳо намояндагии консулӣ надорад ё кормандони сафоратхона бо сабабҳои сиёсӣ ва амниятӣ наметавонанд виза содир кунанд.

Русия даҳумин кишваре аст, ки шомили ин феҳрист мешавад. Эрон, Куба, Эритрея, Либия, Сумол, Судони ҷанубӣ, Сурия, Венесуэла, ва Яман аз ҷумла кишварҳое мебошанд, ки қаблан ба ин феҳрист шомил шуда буданд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, «дипломатҳои амрикоӣ солҳост, ки дар ҳоли аз байн бурдани системаи хадамоти консулӣ дар Русия ҳастанд…»

Робитаҳои Амрико ва Русия дар поинтарин сатҳ пас аз поёни Ҷанги Сард ба ин тараф қарор дорад. Ду кишвар аз ҷумла дар робита ба шумораи дипломатҳое, ки метавонанд дар пойтахтҳои якдигар дошта бошанд, ихтилофи шадид доранд ва гуфтугӯҳояшон дар ин моҳ низ бенатиҷа монд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.