ВКД

ВКД хабари шиканҷаи сарбозро беасос хонд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардидааст, ки гӯё сарбози қисми ҳарбии №019-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Маҷидов, соли таваллудаш 2004, аз ҷониби сарбозони дигар мавриди шиканҷа қарор гирифта бошад.

“Хабари мазкур асоси воқеӣ надорад”,- менависад хадамоти ВКД дар сомонааш.

Тибқи иттилои манбаъ, Аслиддин Маҷидов моҳи марти ҳамин сол бо хоҳиши худ ба хизмат омада, 17-уми майи ҳамин сол бо ташхиси заъфи мушакҳо, ки дар натиҷаи он ба системаи масуният ва системаи асабҳои париферӣ осеб расидааст, дар шуъбаи асаб бистарӣ карда шудааст.

Бино ба вокуниши мазкур, ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки дар бадани бемор ягон аломати шиканҷа мушоҳида намешавад. Ҳолати номбурода хуб буда, таҳти муроқибати табибон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *