Волидони фарзандкуш. Чаро онҳо даст ба чунин амалҳои ваҳшатбор мезананд?
Волидон бояд ҳомӣ ва пушту паноҳи фарзандонашон бошанд, аммо баъзе падару модарони бехираде ҳастанд, ки барои хатоҳои кӯчак ё бо мақсади қасос гирифтан аз дигарон фарзандони худро бераҳмона ҷазо дода, боиси марги кӯдакони бегуноҳ мегарданд. Тӯли як моҳи охир дар кишварамон 3 ҳодисаи нангин ва даҳшатбори куштори кӯдакони ноболиғ ба дасти падар ва модар ба вуқуъ пайваста, аҳли ҷомеаро ба шӯр овард...
Ҳодисаҳои мудҳиш
Акси Хусрави ноком имрӯзҳо дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад. Ин писарбачаи 15-сола бар асари латукӯби бераҳмонаи падараш Парвиз Одинаев ғарқ дар хун ҷон дод. Тибқи фарзияҳо Парвиз Одинаев барои дуздии 600 сомонӣ маблағ аз хона писарашро ҷазо доданӣ шуда, дасту пояшро бо ресмон маҳкам баста, бачаро ба пушти мошини “Опел” баста, ба масофаи 2 километр кашола кардааст. Писарак бар асари ин амали ваҳшиёнаи падараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расид.
Шаби 29 ба 30-юми июни соли равон сокини деҳаи Қизилсӯи ноҳияи Фархор Мадина Ҳалимова ба шавҳараш паёмак навиштани як зани бегонаро дида, аз рашк худро бо 4 фарзанди ноболиғаш ба дарё партофт, аммо худи зан аз об зинда баромада, кӯдакони бегуноҳаш Латофати 5-сола, Зайнаби 3-сола, Ёсамини 2-сола ва Муҳаммадҷони 2-моҳа ҷони худро аз даст доданд.
Қабл аз ин дар ноҳияи Қубониён боз як ҳодисаи ногувор рӯй дода, Юлдуз Бозорова 3 фарзанди хурдсолашро кордборон карда буд. Бар асари ин амали ваҳшиёнаи модар Ҳадисаи 6-моҳа аз захмҳои зиёди корд ҷон дода, 2 фарзанди дигари ин зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Чаро имрӯз баъзе падару модарон ба ҷойи он ки ҳомии фарзандони худ бошанд, қотили фарзандонашон мегарданд? Барои пешгирии чунин амалҳои нангин ва зӯроварӣ алайҳи кӯдакон чӣ бояд кард? Назари чанд нафар коршиносонро дар ин мавзуъ пурсон шудем.
Назари равоншинос
Равоншинос Маҳбуба Азимова мегӯяд:

– Агар аз рӯйи қонунҳои инсонӣ бигирем, ҳеҷ мумкин нест, ки як падар ё модар фарзанди худро, ки бо сад орзуву умед ба дунё оварда, бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат парвариш кардааст, бо дасти худ ба ҳалокат расонад, вале омилҳое ҳастанд, ки боиси сар задани чунин рӯйдодҳои ваҳшатнок мегарданд. Чунин ҳодисаҳои нохуш дар байни чанд лаҳза ё чанд соат рӯй намедиҳанд, балки решаи хеле амиқ доранд. Ҳаёти оилавии чунин хонаводаҳоро дурусттар омӯзед, дарк мекунед, ки решаи асосии ин рӯйдодҳои ваҳшатбор дар зӯроварӣ ва моҷароҳои пайвастаи оилавӣ ниҳон аст. Ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ ба ҳолати равонии тамоми аъзои оила таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа чӣ калонсолон ва чӣ кӯдакон дигар хашму ғазаби худро идора карда наметавонанд. Ҳодисае, ки дар шаҳри Турсунзода рӯй дод, як фалокат ё тасодуф набуд, ин як амали барқасдона буда, ба ҳодисаи ваҳшатбори дар ноҳияи Қубодиён рӯйдода шабоҳат дорад. Фарзандони Юлдуз Бозорова бо бачаҳои додаршӯяш ҷанҷол кардаанд ва ин зан барқасд кӯдакони худашро кордборон кард. Парвиз Одинаев бошад, гӯё писарашро аз роҳи хато баргардониданӣ шуда, чунин бераҳмона ҷазо дод ва боиси марги ҷигарбандаш гашт. Рафтори ин ду нафар бори дигар исбот мекунад, ки вақте ҳолати рӯҳии шахс вайрон мешавад, вай дигар худашро идора карда наметавонад. Чунин одамон дар сари хашму ғазаб ба сари дилхоҳ шахс даст мебардоранд ва ҳар қадар бештар озор дода, латукӯб кунанд, ҳамон андоза оташи қаҳру ғазабашон баланд шудан мегирад. Аз ҳамин сабаб онҳо худро идора карда наметавонанд ва дар сари қаҳру ғазаб ҳатто одамони наздиктаринашон, падару модар ё фарзандони худро ба ҳалокат расонида метавонанд.
– Гоҳо чунин одамони сангдил амалҳои ваҳшиёнаи худро ба васвасаи шайтон ё таъсири қувваҳои ғайб ва ҷину парӣ нисбат медиҳанд. Ҳамчун равоншинос инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Дар асл ҷину парӣ вуҷуд надорад, вале вақте ҳолати равонии кас вайрон мешавад, бар асари халалдор гаштани кори майнаи сар ва заъфи асаб дар назараш ҳар хел махлуқот намудор шудан мегиранд ва гӯё ҳамин махлуқҳо ӯро водор менамоянд, ки ба амалҳои ваҳшиёна даст занад. Ин аллакай бемории рӯҳӣ аст ва бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалин чунин шахсро ҳатман назди табиби рӯҳшинос бурдан лозим аст. Чунин одамон бояд таҳти назорат қарор дошта бошанд, чунки барои аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама барои аҳли оила ва наздиконашон онҳо хатарнок ҳастанд.
Дар идомаи суҳбат равоншинос Маҳбуба Азимова гуфт:
– Таваллуди пай дар пай низ боиси вайроншавии ҳолати рӯҳии занон мегардад, ки онро табибони амрози занона “Послеродовая депрессия” мегӯянд. Сабабҳои дигари сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш ва нангин паст будани донишу маърифат, мавҷуд набудани ҳурмату эҳтиром байни аъзои оила, худбаҳодиҳии паст, алам, рашк ва нобоварӣ аст.
Аҳли дин чӣ назар доранд?
Домулло Аҳлиддин Зиёев, имомхатиби масҷиди ба номи Имом Тирмизии шаҳри Душанбе дар робита бо ин ҳодисаҳои нангин гуфт:
– Касе, ки як зарра имон ва виҷдон дошта бошад, тобу тавони дидани чунин наворҳоро надорад. Ақли кас бовар намекунад, ки чӣ тавр як падар ё модар метавонад фарзанди худро бераҳмона ба ҳалокат расонад. Аз нуқтаи назари дини мубини ислом, инсон чӣ гунае, ки ғизои моддӣ хӯрда, қуввату неру мегирад, маънавиёташ низ ниёз ба ғизои маънавӣ дорад. Вақте кас китоб намехонад, ғизои маънавӣ намегирад, ҷаҳони ботиниаш хароб гашта, аз кӯчаи одамгарӣ оҳиста-оҳиста дур шудан мегирад ва даст ба амалҳои ваҳшиёна мезанад. Паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад (с.с.) ба волидон рӯ оварда, фармудаанд, ки “ҳар яки шумо – падару модарон ба монанди ҷӯпон ҳастед, чуноне, ки чӯпон рамаи гӯсфандони худро аз ҳамлаи дарандагон ва офатҳои дигар муҳофизат мекунад, шумо низ бояд аҳли хонаводаатонро аз балою офатҳо ва оташи ҷаҳаннам ҳифз кунед”.
Падару модар бояд муҳофизи фарзандон бошанд, на ҷаллод.
– Модари Хусрави ҷавонмарг, ки ба дасти падар кушта шуд, дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки писараш вақтҳои охир беодоб шуда буд, нос мекашид, дуздӣ мекард ва падараш ӯро бо мақсади аз роҳи бад баргардонидан ҷазо додааст. Оё дини мубини ислом бо мушту лагад ва ҷабру зулм тарбия кардани фарзандонро иҷозат медиҳад?
– Вақте падар ё модар аз фарзандаш шикоят мекунад, ин ҳамон тухми гандидае аст, ки худаш коштааст, чунки кӯдакон ҳама чизро аз мо – калонсон, пеш аз ҳама аз падару модар меомӯзанд. Вақте худи падар ин қадар бадрафтор ва золим аст, фарзандон аз вай чӣ меомӯзанд?
Шариати ислом ҷабру зулмро қабул надорад. Латукӯб ва зулму ситам ҳаргиз роҳи тарият набуду нест. Инсон, махсусан кӯдакон ҳамон вақт панду насиҳат ва роҳнамоиро қабул мекунанд, ки бо оромӣ гуфта мешавад. Зӯроварӣ баръакс таъсри манфӣ дорад ва аксуламалро ба вуҷуд меорад. Хатоҳои фарзандро ба оромӣ фаҳмонидан лозим аст, то ки дар майнаи кӯдак ҷо шавад.

Ҳимояи кӯдакон вазифаи ҷомеа аст
Сабоҳат Рустамзода, сардори Раёсати оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд:
– Сабаби сар задани чунин ҳодисаҳо носолим будани муҳити оила аст. Вақте ман ин наворро тамошо кардам, зор-зор гиря кардам. Дар ин ҷо аҳли ҷомеа низ гунаҳкоранд, ҳақу ҳамсояҳо ба куҷо менигаристанд?! Наход дар гирду атироф касе набуд, ки ин мардро аз чунин амали ваҳшиёна боздорад?! Ман махсусан модарро маҳкум мекунам, чунки муҳофизати фарзанд пеш аз ҳама вазифаи модар аст. Агар лозим шавад, модар ҷони худро дар хатар гузошта, аз фарзандонаш дифоъ мекунад, вале ин зан бетарафиро ихтиёр намудааст, ки бисёр таассуфовар аст.
Кӯдак ба мисли ниҳол аст, ба кадом тарафе, ки хам кунед, ҳамон тараф тоб мехӯрад. Падару модар, агар ба хубӣ мефаҳмонданд, албатта ин бача хатояшро дарк мекард ва ислоҳ мешуд, вале ба ҷойи панду насиҳат чунин роҳи золимонаро пеш гирифтаанд, ки нанговар аст. Кӯдакон дар зери ҳимояи давлат қарор доранд ва муҳофизати онҳо вазифаи тамоми ҷомеа аст. Мо набояд ба зӯроварӣ нисбати кӯдакону наврасон бетараф бошем, зеро ҳар як кӯдак пеш аз ҳама фарзанди миллат ва фарзанди давлат аст.
Аз рӯйи қонунҳои ҷорӣ ҳеҷ кас, ҳатто падару модар ҳуқуқ надоранд, ки ҳукуқҳои кӯдаконро поймол намуда, онҳоро зананд, латукӯб кунанд, ҷабру ситам ва зӯровариро нисбати фарзандони худ раво бубинанд.
Хулоса, ҳодисаҳои нохуши рӯйдода як бонги хатар буданд. Имрӯз тамоми ҷомеа бояд бедор шавад ва ба муқобили зӯроварӣ дар оила, махсусан зӯроварӣ нисбат ба занон ва кӯдакон мубориза барад, зеро кӯдакон ояндаи давлат ва миллати мо буда, муҳофизати онҳо қарзи имонӣ ва виҷдонии ҳар яки мост.
Фирӯза САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ