Яғмогарони рӯзи рӯшан ё худ дӯздиву қаллобиву ғоратгарӣ

Чи воҳима мекунед?!  Дуздӣ ҳам ҳунар аст?

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тилловориаш, воқеъ дар ҶДММ бозори «Корвон», 1-ҷуфт гушвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.


Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бечораро туҳмат назанед, дасташ дӯздида боша айби худаш чист?

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 26-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00, дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи мазкур, марди 38-солаи сокини пойтахт, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Дуос” ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ин намуди нави бизнес аст: 50 ҳазора мегирию намдиҳӣ!!!

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 1-уми августи соли 2020 ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Волсваген-Таврек”ро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар Мастчоҳ Анқоро аз “Анко” фарқ накрданд

Зеро агар камакак диққат менамуданд, дар чашмони қарзгиранда барои харидории равғани “Анко” харидории тухми “Анқо”-ро мехонданд. Яъне чи? Яъне тухми анқоро наметавон дид!!! Барои ҳамин ҳам дӯстон аз он пулҳои дода дасти дил шуста, оҳисат бо пояи ҳари “к” хатчаеро илова карда онро “қ” хонед…то дигарбора ба доми қаллобон наафтед!Кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Бӯстони Мастчоҳро бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карданд.


Номбурда, 28-уми августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, аз ӯ 255 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани 3000-адад равғани «Анко» гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.


Ҳамин тариқ, номбурда 28-уми августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 113-ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани 1800-адад равғани «Анко» гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *