Як команди Хадамоти назорати давлатӣ ришвахӯр будааст…

Агентии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва  коррупсия хабар медиҳад, ки  як корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Ба иттилои котиботи Агентӣӣ, С. Ф, сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти мазкур бо истифодаи мақоми хизматӣ муттаҳам мешавад

Гуфта мешавад, ӯ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23000 сомонӣ талаб намудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.