Як шикаст ва ду мусовии наврасони Тоҷикистон дар Индонезия
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» ширкат кард.
Наврасони Тоҷикистон дар бозии якум бо соҳибони майдон – дастаи наврасони Индонезия мусовӣ (2:2) бозӣ карданд. Сипас, дар бозии дуюм аз дастаи Малӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд. Шогирдони Раҷинӣ 18-уми август дар даври ниҳоӣ бо тими наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон мусовӣ (3:3) карданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Абдулло Иброҳимзода, Меҳрубон Одилзода ва Назрулло Ашӯрализода заданд.
Қаблан дар шаҳри Медан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Индонезия мусовӣ (2:2) карда, аз Мали (2:4) шикаст хӯрда буд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқа дар Индонезия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мебошад, ки аз 3 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар Давҳа дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) вомехӯрад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ