Яке аз лидерони Хоруғ ба милиса таслим шуд

Фирӯз Саидиброҳимов, яке аз лидерҳои маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ ихтиёран ба РВКД Бадахшон ҳозир шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар ВМКБ, Фирӯз Саидиброҳимов, яке аз лидерҳои маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ буда, барои авбошӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Ӯ рӯзи 18-уми апрел ихтиёран ба РВКД Бадахшон ҳозир шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Саидиброҳимов дар натиҷаи “корбарии мутақобилан судманди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят бо наздикону пайвандони ҷустуҷӯшаванда” дар пайи мулоқоти сардори милитсияи вилоят генерал Шариф Назарзода бо сокинони Гулакен худро ба мақомот супурдааст.

“Дар вохӯрии навбатие, ки дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, масъалаи мусоидат намудани аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолони маҳал ва наздикону пайвандони ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта ҷиҳати бо ихтиёри худ ҳозир шудани ҷустуҷӯшавандагон ба мақомоти милитсия баррасӣ гардид. Тавре таъкид гардид, ин иқдом ҳангоми таъиноти ҷазо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад”,- иттилоъ додааст манбаъ.

Фирӯз Саидиброҳимов, ки санаи таваллудаш 26.03.1991, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур мебошад, аз 01.10.2021 барои содир намудани ҷинояти авбошӣ аз рӯи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Манбаъ мегӯяд, ки акнун тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Фирӯз Саидиброҳимов аз нав ҷоннок карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *