Ярмарка. Аз куҷои Душанбе метавон маҳсулоти арзон харид?

Дар Душанбе баргузории ярмаркаҳои рӯзҳои истироҳат идома дорад. Дар ин ярмаркаҳо сокинони пойтахт имкон доранд маҳсулоти гуногун аз манотиқи мухталифи Тоҷикистонро харидорӣ намоянд.

— Ҳамин тавр, дар рӯзҳои истироҳати оянда намоишгоҳҳо ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ низ баргузор мешаванд,- хабар медиҳад Вазорати кишоварзии кишвар.

Рӯзи шанбе, 29-уми июл:

Боғи Садриддин Айнӣ — деҳқонони Хуҷанд маҳсулоти худро намоиш медиҳанд;

«Курӯши Кабир» — намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод;

Абулқосими Фирдавсӣ — кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳсулоти худро ба фурӯш мегузоранд.

Рӯзи якшанбе, 30-юми июл:

Дар боғи «Ҷавонон» ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Бӯстон барпо мегардад;

Дар боғи Алишер Навой деҳқонони ноҳияи Сангвор маҳсулоти худро намоиш медиҳанд;

Дар «Боғи Ирам» метавон маҳсулоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро харидорӣ кард.

Бояд гуфт, ки дар ярмаркаҳо кишоварзон тамоми маҳсулоти кишоварзиашонро бо нархи арзонтар аз нархи бозору мағозаҳо ба фурӯш мегузоранд.

Ҳамчунин, дар доираи намоишгоҳ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст. Бинобар ин, сокинони пойтахт метавонанд ба сайри оилавӣ баромада, ҳам фароғат кунанд ва ҳам маҳсулоти босифат ва арзонро харидорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *