ЮНЕСКО чӣ тавр Саразмро пазируфт?

Саразм яке аз аввалин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон аст, ки Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО онро ба рӯйхати Мероси ғайримоддии башарӣ шомил намуд. Ба ин васила Саразм, ки соли равон 5500-солагии онро таҷлил мекунем, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард…

…Чун ҳамеша дар Пойгоҳи бостоншиносии Саразм, бо чеҳраи кушода ва табассуми самимӣ, бостоншиноси номвар Абдурауф Раззоқов моро пешвоз гирифт. Бовар дорам, ки бо ин ном тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳатто аҳли илми ҷаҳон ошноӣ доранд. Зеро номбурда  35 соли умри хешро сарфи пажӯҳиши Саразм карда, илова бар ин  мубаллиғи ин ёдгорӣ дар дохили кишвар ва арсаи ҷаҳон аст. Ҳамчунин, ӯ барои аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф шудани Саразм талошҳои зиёде кардааст…

Талош барои ҷаҳонишавӣ

– Пеш аз он ки мо Саразмро ҳамчун ёдгории таърихӣ ба ЮНЕСКО пешбарӣ намоем, лозим буд, ки нахуст онро дар дохили кишвар расман эътироф кунем, – суҳбатро шурӯъ кард, Абдурауф Раззоқов ва дар бораи монеаҳое гуфт, ки пеши роҳи ҷаҳонишавии Саразм меистоданд: – То соли 1997 Саразм ҳамчун ёдгории таърихӣ аз ҷониби аввалмуҳаққиқи он Абдуллоҷон Исҳоқов борҳо пажӯҳиш гардида буд. Чун ҳафриётро гурӯҳи олимони бурунмарзӣ низ таҳқиқ карда буданд, хулоса карда шуд, ки Саразм бояд мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шавад. Аз дигар тараф, аҳолии деҳаи Саразм донистанд, ки дар он заминҳо минбаъд низ ҳафриёт гузаронида мешавад, эътироз намуданд. Онҳо мехостанд заминҳое, ки зерашон ёдгориҳои таърихӣ маҳфуз аст, аз худ намуда, сохтмон кунанд.

Соли 1997, вақте ки банда сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент интихоб гардидам, пеши худ мақсад гузоштам, ки аввал Саразмро ба мамнўъгоҳи таърихӣ табдил диҳам, то заминҳои бостоншиносӣ аз тарафи мардум забт нашаванд. Барои ин зарур буд, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ин мақсад омода гарданд.

Бо маслиҳати директори вақтаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон академик Раҳим Масов ҳуҷҷатҳоро омода кардем. Баррасии ҳуҷҷатҳо дар шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд, Кумитаи замин ва Ҳукумати ҷумҳурӣ се сол тӯл кашид ва билохира бо  «Ёдгории 5500-солаи Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдории тоҷикон» эътироф шуда, соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм баромад…

– Ба шумо чанд сол лозим омад, ки парвандаи илмии Саразмро ба ЮНЕСКО пешниҳод намоед?

–Соли 2000-ум Саразм бо кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати пешакии Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Аммо барои шомил кардани он ба феҳристи асосӣ асноди илмӣ зарур буд. Банда аз пайи омода кардани ҳуҷҷатҳои илмӣ, ки далели бостонӣ будани Саразмро бозгӯ мекард 10 сол кӯшиш кардам. Соли 2008 мо ҳуҷҷатҳоро ба Маркази фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод намудем. Баъд аз он коршиносе аз Туркия омада, Саразмро ҳамаҷониба омӯхт. Вале номинатсияи мо дар ЮНЕСКО қабул нагардид.

Банда ҳамчун коршиноси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, дар яке аз конфронсҳои ЮНЕСКО, ки дар кишвари Мали баргузор гардид, ширкат варзида, бо забони фаронсавӣ маърӯза кардам ва таърихӣ будани Саразмро исбот намудам.

Соли 2009 коршиносони ЮНЕСКО барои пажӯҳиши Саразм ба Тоҷикистон омаданд. Ҳамин тариқ, Саразм аввалин ёдгории таърихӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдории тоҷикон шинохта гардид ва 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Бояд қайд намоям, ки барои мамнуъгоҳ ва баъдан шомили Феҳрасти ЮНЕСКО шудани Саразм саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас ва боиси масаррат аст.

Нусхаи шаҳодатномаи Юнеско оид ба шомил шудани Саразм дар Феҳристи Мероси умумибашарӣ, соли 2010

Муҳаббат ба хок

– Устод, бостоншиносӣ пешаи пурмашаққат аст. Чӣ шуморо водор кард, ки ба хок меҳр бандед?

– Ман хатмкардаи  факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам. Он замон шуъбаи махсуси бостоншиносӣ вуҷуд надошт. Аз сабаби норасоии кадрҳо бо дастгирии устоди зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқов ман коромӯзи Институти таърихи материалҳои моддии Санкт-Петербург шудам ва маҳз зери сарварии бостоншиноси маъруфи  рус Вадим Михайлович Массон касби бостоншиносиро ҳамаҷониба омӯхтам. Дар муддати 6 сол бо роҳбарии Вадим Массон дар ёдгориҳои Олтинтеппа, Намозгоҳ, Анав, Илгинлитеппа ва Ҷайтуни Туркманистони ҷанубӣ коромӯзӣ кардам. Ҳамин тавр, умри хешро ба омӯзиши Панҷакенти қадим ва Саразми бостонӣ сарф кардам, ки боиси ифтихори ман аст.Сарфарозам, ки дар анҷуманҳои байналмилалӣ дар Олмон, Фаронса, Чин, Италия, Испания, Федератсияи Русия, Эрон, Ӯзбекистон ва Малии Африқо Саразмро муаррифӣ кардааст.

–Шумо беш аз 35 сол аст, ки машғули омӯзиши Саразм ҳастед, заҳматҳо кашидаед. Дар ин муддат кадом кашфиётатонро нодир арзёбӣ мекунед?

– Барои бостоншинос хурдтарин чизи пайдокарда ҳам дастоварди нодир маҳсуб меёбад. Дар тӯли фаъолияти хеш дар Саразм кушоишҳои ҷолиб доштам, ки ҳама дар ҳисоботҳои археологӣ ва асарҳоям инъикос шудаанд, вале кашфи Маликаи Саразм дастоварди муҳимтарини ман аст.

–Солҳои зиёд аст, ки бостоншиносони Фаронса, ки шумо забонашонро балад ҳастед, дар Саразм ба пажӯҳиш машғуланд.  Нақши онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 –Албатта, нақши онҳо дар пажӯҳиши Саразм хеле назаррас аст. Аз соли 1984 инҷониб дар Саразм бо коршиносону бостоншиносони фаронсавӣ ҳамкорӣ дорем. Яке аз устодони ман, бостоншиноси маъруфи фаронсавӣ Ролан Безенвал барои шинохти ин ёдгорӣ умри худро бахшид. Ӯ дар Саразм, дар рӯи дастони ман ҷон дод. Устод Ролланд маротиба ба Осорхонаи Лувр ва Гимей даъват кард ва таъкид намуд, то забони фаронсавиро омӯзам. Бо кӯшиши он кас банда солҳои 1993-1994 ва 1996-1997 дар курси забономӯзии Донишгоҳи Сорбон забон омӯхтам. Ҳамзамон, бо ёдгориҳои ҳамасри Саразм, ки фаронсавиҳо аз Эрону Балуҷистон (Покистони имрӯза) оварда буданд, шиносоӣ пайдо кардам.

– Бостоншиносӣ соҳаи камдаромад ва машаққатнок аст. Оё ҷавонон ба ин касб таваҷҷуҳ мекунанд?

–Ҷавонони мо ба соҳаи бостоншиносӣ камтар майл доранд. Сабабҳои инро дар саволатон гуфтед. Мо имрӯз воқеан, ба кадрҳои маҳаллӣ ниёз дорем. Ҷавонони мо бояд дарк кунанд, ки Тоҷикистон ҳанӯз кашф нашудааст, ҳанӯз дар зери заминҳои мо ганҷинаҳои зиёде ниҳон аст, ки бостоншиносии ҷаҳонро ба ларза меорад. Асри ХXI, асри кушоишҳои археологӣ дар кишвари мо мебошад. Бинобар ин, моро мебояд кадр тайёр кунем.

Шукр, ки имрӯз писари ман Фарҳод Раззоқов идомадиҳандаи касби ман аст. Ӯ бахши аспирантураро дар Институти таърихи Санкт-Петербург ба итмом расонида, номзади илмҳои таърих шуд. Ҳоло дар Институти бостоншиносии Олмон барои ҳимояи рисолаи докторӣ фаъолияти илмӣ дорад.

Мусоҳиб Барно Соҳибова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *