Зардаҷӯш. Онро чӣ гуна табобат мекунанд?
Вақтҳои охир маро зардаҷӯш азоб медиҳад. Ҳама таъиноти духтуронро сари вақт мегирам, лекин он ба пуррагӣ нест намешавад. Ба вуҷуд омадани зардаҷӯш аз чӣ вобаста аст ва бо он чӣ гуна мубориза бурдан мумкин аст?
ҲАЛИМАМОҲ, ноҳияи Рашт
– Дар ҳақиқат, ин ҳиссиётест, ки таҳаммул карданаш мушкил аст. Зардаҷӯш дар қисми поёнии қафаси сина ба вуҷуд меояд, ки он аз баланд шудани туршии меъда шаҳодат медиҳад. Он дар натиҷаи берун кардани туршнокии ҷамъшуда дар меъда ба сурхной падид меояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин вақт шарбати меъда ва дигар моддаҳо зиёд шуда, ба сурхной меафтад ва зардаҷӯш ба вуҷуд меояд.
Муолиҷаи он дар чанд давр сурат мегирад. Ҳангоми ҳис кардани хурӯҷи он, дар як рӯз се маротиба истеъмоли шири гарм баъд аз хӯрок тавсия дода мешавад. Агар баъди як ҳафта бартариро эҳсос накардед, сабаби зиёдшавии туршии меъдаро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.
Барои зиёд ва дарозмуддат нашудани зардаҷӯш бояд тартиби хӯрокхӯриро риоя кард. Духтури парҳезӣ маслиҳат медиҳад, ки кам-кам ва зуд-зуд хӯрдан лозим аст, зеро меъда таранг ва сахт нашавад. Дар натиҷаи чунин ҳолат кори меъда вайрон шуда, норасоиҳо дар он падид меоянд. Баъди тановули ғизо гаштугузор кардан хуб аст. Агар ин имконро надоред, пас аз хӯрок хоб накунед ва кӯшиш намоед, ки 3-4 соат пеш аз хоб хӯрок хӯред. Ҳангоми муолиҷаи зардаҷӯш, ғизо бояд аз сафеда бой ва маҳсулоти истифодакунанда камравған бошад. Масалан, сихкабоби бо гӯшти гов тайёршударо бо гӯшти мурғ ё моҳӣ иваз кардан зарур аст. Картошкаро бирён накарда хӯрдан лозим аст, зеро чунин ғизоҳо шарбати меъдаро зиёд карда, хурӯҷи зардаро метезонанд. Ғизоҳои намакин ва маводҳои дар оби сирко таркардашуда қатъиян манъ аст. Аз ин бармеояд, ки истеъмоли сирко бо пиёз, самбӯса ва дигар ғизоҳо зиёновар аст.
Нӯшидани чой ва қаҳва зардаро бақувват мекунад. Инчунин, обҳои газдор ва таъми тездошта зараровар аст, зеро онҳо сурхнойро ба дард меоранд. Баъзе занҳои ҳомила аз зардаҷӯш азият мекашанд. Ин аз ҳисоби давраи аввали ҳомиладорӣ мебошад, ки баъзан қайкунӣ ба вуҷуд меояд. Муддатнокии зардаҷӯш аз чанд дақиқа то як соат, такроршавии он чанд маротиба дар як рӯз, ҳангоми хобидан ва ё аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гаштан авҷ мегирад. Барои кам кардани зардаҷӯш бояд дар хонаи хоб каме гаштугузор намуд ва нӯшидани об низ аз манфиат холӣ нест. Истеъмоли шарбати картошка низ тавсия дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ