Зардпарвин. Чанд маълумоти муҳим дар бораи беморӣ

Дар Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр 1850 нафар гирифтори бемории зардпарвин гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёдтар мебошад. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Нишонаҳои беморӣ

Бемории зардпарвин (зардча) дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд.

Нишонаҳои аввалини ин беморӣ камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд. Вақте ин нишонаҳо дар нафари бемор мушоҳида шуданд, бояд зуд ба табиб муроҷиат намуд. Агар ин нишонаҳоро инсон нодида гирад, сипас нишонаҳои дигар — ҳиси вазнинӣ дар паҳлуи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб аз осеб ёфтани ҷигар дарак дода, инчунин дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешаванд. Дар натиҷаҳои ташхиси махсуси озмоишгоҳӣ (дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба вируси гепатити А, С, D, Е, антигенҳои вируси гепатити В) ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор мушоҳида мешаванд.

Намудҳои зардпарвин

Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.

Гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-39 дараҷа баланд шуда, то 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин, ҳиси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ, ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад.

Агар зардпарвини вирусӣ бошад, он бемориест, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад.

Тавсия

Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо — риоя кардани ҳолати гигенӣ ва санитарист. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Тез-тез бо собун дастҳояшонро шустушӯ кунанд. Хӯрокро хуб пазанд.

Меваҷот, аз ҷумла тарбуз, сабзавот, маҳсулоти ширӣ барои зардпарвин дармони хубанд. Инҳо иштиҳоро афзуда, хусусияти пешоброниро зиёд мекунанд. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка низ ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.

Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *