Зевар Наимӣ — Афғонистон

Ишқи ман

Сиёҳчоле маро балъида,

Дар ин афсурдагии торик.

Тапишҳоям ба таваққуфи  шум,

Меанҷомад.

Лахтае хуршед биёвар,

То нардбоне бошад ҷониби раҳоӣ,

Хандаҳоят таъми нони гарм,

Ва ман кӯдаки гурусна,

Ки дастҳоямро,

Бо сӯги дармондагӣ,

Беморвор ба сўят дароз мекунам.

***

Нозанин…

Шоир,

Дерест аз иртифоъи шаб,

Маҳтобиҳоро насурудаӣ.

Ва бодҳои бараҳна, ки гесуи баргҳоро,

Чанг мезанад, баён накардаӣ.

Дерест бӯйи бокираи баданам,

Дар асорати либосҳоям мепўсад.

Ҳис намекунӣ?

Магар аз ҷазираи ишқ по гирифтаӣ?

***

Рӯз  

Гаҳе ту як шаби мармуз мешавӣ,

Гаҳе рахшандатар аз рӯз мешавӣ.

Гаҳе оташгаҳи оташфишонӣ,

Гаҳе ту ҳикмати Наврӯз мешавӣ.

***

 Тороҷ  

Сиёҳие, ки бол мекушояд, авҷ мегирад,

Ва пасхӯрдаҳои худро,

Ба рӯйи офтоб метаконад.

Ва офтоб дар либоси куҳнаи худ,

Аз ҳарос нафасгир, пилк ба ҳам мефишорад.

Бодҳои часпонак,

Бӯйи баргҳои пинабаставу сангҳои пўсидаро,

То димоғи ҳашрот, ки барои ҷавидани мо,

Барои ҷавидани таърих камар бастаанд, мерасонанд.

Ману ошиқонаҳои зеҳнам,

Оҳиста-оҳиста ба тороҷ меравем.

زیور نعیمی — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *