Зодаи Тоҷикистон мансаби байналмилалӣ гирифт

Зодаи Тоҷикистон Суҳроб Ҳоҷиматов ба мансаби муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Қазоқистон таъйин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти БРСММ (ПРООН) хабар додааст.

Солҳои охир Суҳроб Ҳоҷиматов муовини раиси дафтари ин созмон дар Туркия ва роҳбари Барномаи рушди Созмони Милал дар Озарбойҷон буд.

Суҳроб Ҳоҷиматов беш аз 25 сол таҷрибаи кор дар масоили рушд ва раҳбарии лоиҳаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дар бахши хусусиро дорад. Ӯ хамткардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ мебошад. Баъдан дар Донишгоҳи умумирусиягии адлия дар шаҳри Москва ва Коллеҷи миллии додгоҳии Невадаи Амрико таҳсил кардааст.

Ӯ собиқаи кориашро ба ҳайси муфаттиш дар Прокуратураи генералии  Тоҷикистон оғоз кард, аммо хеле зуд ба созмонҳои байналмилалӣ гузашт.

Суҳроб Ҳоҷиматов чандин сол дар мақомҳои раҳбарӣ дар тарҳҳои USAID (Агентии рушди байналмилалии Амрико) оид ба рушди ҳуқуқию иқтисодӣ дар Тоҷикистон кор кард ва сипас ба БРСММ — Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гузашт.

Ҳоҷиматов аз ҷумла солҳои 2006-2013 дар қароргоҳи марказии БРСММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ва дафтари ин созмон дар Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2013-2017 ин зодаи Тоҷикистон муовини мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Сомали ва мудири дафтари пуштибонии БРСММ дар Сомали бо қароргоҳаш дар шаҳри Найроби, пойтахти Кения буд.

Солҳои 2017-2022 Суҳроб Ҳоҷиматов ба ҳайси муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Туркия ва Намояндаи доимии ин созмон дар Озарбойҷон кор карда, инак ба мақоми муовини Намояндаи доимии БРСММ дар Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ расид.

Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид яке аз бузургтарин муассисаҳои Милали Муттаҳид ба шумор рафта, дар Қазоқистон лоиҳаҳои марбут ба ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйири иқлим, самаранокии низоми энергетикӣ ва тақвияти иқтисоди рақамиро маблағгузорӣ ва ба ин васила аз ҳукумати Қазоқистон дар роҳи иҷрои барномаҳои афзалиятноки рушди миллиаш пуштибонӣ мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.