грипп

Зукоми шадид ё бозгашти коронавирус?

3 ҳафта қабл зуком шудам. Аввал бепарво гаштам, вале рӯз аз рӯз ҳолатам бад мешуд. Бовар кунед, 56-сола шуда, ҳеҷ гоҳ чунин зукоми вазнинро надида будам. Мегӯянд, ки ин як навъи коронавирус аст. Ҳоло худам беҳтар шудаму ҳамсарам ва келинам аз пой афтоданд. Мехоҳам ба ин масъала равшанӣ андозед.

Саттор БОБОЕВ, шаҳри Душанбе      

Воқеан, ду-се ҳафтаи охир аҳолии кишвар аз бемории зуком, ки нишонаҳояш ба коронавирус монанд аст, шикоят мекунанд. Вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шуюъи коронавирусро рад карда, ин бемориро зукоми мавсимӣ арзёбӣ мекунад.  

Мо тавсияҳои духтур Наимҷон Бобоевро барои табобати зукоми мавсимӣ пешкаши шумо мекунем.

Тайи чанд рӯзи охир дар кишвар ҳолати зиëдшавии зуком ба назар мерасад. 

Нишонаҳои беморӣ:

1. Дард ва хориши гулӯ;

2. Беҳолшавӣ (бемадорӣ);

3. Ҳарорати баланд;

4. Обравӣ ва маҳкамшавии бинӣ;

5. Дар зиëди мавридҳо дарди меъда (желудок) ва ғ.

Бояд донист!

Табобати ин зуком 7 рӯз давом мекунад. Беморӣ шадид мегузарад.

Вақти кӯча баромадан ҳатман бо ниқоб гардед! Реҷаи бистариро риоя кунед. Зиëдтар хоб равед, то ки иммунитет қавӣ шавад. Аз худтабобаткунӣ даст кашед, муоинаи тиббӣ зарур аст.

Дар шароити хона:

Дар  як шабонарӯз то 5-7 литр нӯшокӣ, чойҳои гарм нӯшед:

  • Имбирчой бо асал;
  • Малиначой бо асал;
  • Шиповникчой бо асал;
  • Чойи сиëҳ ë кабуд.

Таъкид: Аз лимончой худдорӣ кунед, зеро туршии меъдаро зиëд мекунад ва дар шумо ҳолатҳои дилбеҳузурӣ пайдо мешавад.

Тавсия: Айнй ҳол ҳавои атмосфера аз соати 04:00 то 05:30-и субҳ тоза мебошад. Аз чунин ҳаво бояд ҳар субҳ 20 дақиқа нафас гиред.

Дармонхати дигар:

Як дона тухм, 50 гр равған (сливочное), як қошуқ содаи ошӣ, як қошуқ асал, 200 мл ширро омехта намуда, дар як рӯз се маротиба истеъмол кунед, сулфа ва шамолхӯрӣ рафъ мешавад.  

Бӯғдармонӣ (инголятсия) низ кумак мекунад.

Бӯғдармонӣ бо ментол, содаи ошӣ, асал ва дигар намуди гиëҳҳо фоида дорад.

Бӯғдармонӣ барои кӯдакон ва шахсони аз 60-сола боло, шахсони бемории дил, фишори хун дошта қатъиян манъ аст!

Аз гирифтани антибиотикҳо худдорӣ кунед. Зуком бемории вирусӣ аст, антибиотик таъсир надорад! Аз доруҳо “Парасетамол” истифода кунед. Ҳарорати баданро бояд пайваста бисанҷед. Махсусан ҳарорати баланди кӯдакон бояд фавран паст карда шавад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *