Қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ оид ба зеҳни сунъӣ


 25 июл Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи таърихиро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ин қатънома бо ибтикори  Тоҷикистон пешниҳод гардид ва аз дастгирии васеи кишварҳои узв бархӯрдор гашт.

Ташаббуси мазкур нахуст аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, ки зимни суханронии худ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 ироа гардида буд.

Қатънома истифодаи зеҳни сунъиро ҳамчун абзори муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди инноватсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид менамояд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *