Қавми Лутро ба маҳкама кашиданд?
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин тоифаи мардум такя ба ҳамҷинсгароёни хориҷии худ дар аксари ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба таври ногаҳонӣ афзоиш ёфтанд. Ва Туркманистон низ яке аз он ҷумҳуриҳост, ки дар он ҷо ин мардуми касиф бо ҳам алоқаҳои маҳрамона доир намудаанд. Дар вилояти Туркманободи Туркманистон наздики 25 касро бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт кардаанд.
Ин афрод дар пайи боздошти як марди сартарош дар поёни моҳи август яке паси дигар боздошт шудаанд.
Миёни боздоштшудаҳо кормандони пулис, мақомоти оташнишонӣ ва сартарошҳо низ ҳастанд.
Соли 2020 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон як ровии машҳур бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт шуда буд.
Амалҳои пинҳонии ин қавми Лут доранд ошкор гашта, онҳоро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Дар Туркманистон тибқи қонунгузорӣ ҳамҷисгароӣ ҷиноят дониста мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ