Қобилҷони Зариф: Дар рӯзи зодрӯзам дар хизмати халқам

Чанд рӯз қабл яке аз чеҳраҳои намоёни фарҳангу санъати тоҷик, ҳунарманди булбуловоз ва пуровоза Қобилҷони Зариф ҷашни милод дошт. Қобилҷони Зариф аз зумраи он ҳунармандони асиле мебошад, ки дар зинда нигоҳ доштани санъати миллии тоҷик нақши барозанда дорад. Ин марди сар то по ҳунар соли 1966 дар яке аз зеботарин мавзеъҳои Тоҷикистон – ноҳияи Айнӣ дар байни куҳҳои осмонбӯс чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, меҳри суруду мусиқӣ бо шири модар ва навои рӯди Зарафшон дар дилаш маъво гирифтааст.

Қобилҷони Зариф яке аз дастпарварони маъруфи мактаби шоҳсутуни санъати тоҷик, устод Ҷӯрабеки Мурод мебошад, ки номаш дар радифи ҳунармандони хеле машҳури водии Зарафшон, аз қабили Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ қарор дорад, вале бо он ҳама маҳбубияте, ки дар байни мардум дорад, ин марди хоксору ҳалим ҳаргиз даъвои ситорагӣ намекунад. 

Мо ба Қобилҷони Зариф занг задем, то ин ҳунарманди машҳурро бо ҷашни милодаш муборакбод бигӯем. Қобилҷони Зариф хеле хурсанд шуда, бо шодмонӣ гуфт:

– Айни замон дар ноҳияи Айнӣ ҳастам. Насиб будааст, ки имсол зодрӯзамро бо хешу табор ҷашн бигирам. Бегоҳ боз дар як маҳфил-тӯй дар хизмати халқи азизам ҳастам. Рисолати мо, ҳунармандон ҳамин аст, ки ҳамеша ба мардум шодию хурсандӣ ҳадя кунем, ҳатто дар рӯзи зодрӯзи худамон ҳам дар хизмати мухсилонамон ҳастем.

Мухлисону ҳаводорони шумо хеле зиёданд. Барои табрики Қобилҷони Зариф навбат поидагистанд?

– Дар ҳақиқат табриккунандагон хеле зиёд буданд. Аз устод Ҷӯрабек Мурод сар карда, то ҳамкасбону дӯстону шогирдону мухлисон ҳамагӣ занг зада, маро муборакбод гуфтанд. Орзуву таманноҳои хуб карданд, чунон суханҳои пурмаъниву таъсирбахше гуфтанд, ки аз шуниданашон курта-курта гӯшт гирифтам.

Аввалин шуда, кӣ шуморо табрик кард?

– Мегӯянд, ки марди хушбахт соҳиби духтар мешавад. Дар ҳақиқат духтар доштан давлати калон будааст. Субҳ аввалин шуда, духтарам Кибриё, ки шавҳардор ва соҳиби хонаву дари ободи худ аст, занг зада, маро табрик кард. Хеле хурсанд шудам, ки ба ҳама ташвишҳои зиндагиаш нигоҳ накарда, сари субҳ духтарам Кибриёҷон маро бо ҷашни милод табрик намуд.

Туҳфаҳо қаторак будагистанд?

– Дар ҳақиқат дӯстону мухлисонам маро гулборон карданд. Орзу дорам, ки ҳаёти ҳар як мухлиси азизам, ҳаёти ҳар як зодаи кишвари зебоямон – Тоҷикистон ҳамеша чунин гулборон бошад.

Акои Қобилҷон, шунидем, ки дар зодгоҳатон хона сохта истодаед

– Бале, рост аст. Меҳри диёр, меҳри зодгоҳ, меҳри маконе, ки даврони беҳтарини ҳаёт – кӯдакии инсон он ҷо гузаштааст, хоҳ-нохоҳ ба мисли оҳанрабо касро ба худ мекашад, аз ҳамин хотир ман ҳам дар Айнӣ  хоначае сохта истодаам, то фарзандону наберагонам аз диёри аҷдодии худ канда нашаванд. 

Бӯрёкӯбон кай?

– Насиб бошад, ҳамин ки сохтмон ба охир расид, ҳатман ба меҳмонӣ даъват мекунам. Миннатдорам, ки шумо санъати бандаро қадр карда, занг мезанед, мепурсед ва дар бораи навигариҳои ҳаёти эҷодии мо менависед. Қобилҷони Зариф бо шумо – мухлисони азизаш зинда аст.

Мо бори дигар аз номи кулли ҳаводорони санъати асил ҳунарманди булбуловози тоҷик Қобилҷони Зарифро ба ҷашни милод муборакбод гуфта, барояшон сари ба мисли куҳҳои Айнӣ баланд, дили ҳамеша ошиқи чун рӯди Зарафшон пуртуғён, тани сиҳату хотири шод ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем.

Ф. САТТОРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *