Қаҳҳорзода Файзиддин

Ҳафт корхонаи бузург фаъолияташонро бо зарар анҷом додаанд

Файзиддин Қаҳҳорзода – вазири молияи кишвар аз 7 корхонаи бузурге ном бурд, ки фаъолияти худро дар соли 2022 бо зарар анҷом додаанд. Ин рақамро вазир зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки имрӯз, 17-уми феврал баргузор гардид, зикр намуд.

ҶСК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Алюминийи тоҷик”, ширкати “Алюминсохтмон”, ҶСК “НБО Роғун”, ширкати “Тоҷиктрансгаз” аз ҷумлаи корхонаҳое ҳастанд, ки вазир ном гирифт.

 “Ин чиз таҳлил мехоҳад. Лекин ин ҳафт корхона фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст карданд. Натиҷагирии сол моҳҳои июн-июл сурат мегирад ва таҳқиқоти маводҳо ҷараён мегирад ва нишондодҳо мушаххастар мешаванд. Баъд аз он масъалаҳои пардохти саҳму ҳиссаву буҷетҳо мушаххас мешаванд”,- гуфт Қаҳҳорзода.

Зикр гардид, ки Вазорати молияи кишвар мониторинги 21 корхонаҳои бузургро бар уҳда дорад. Дар садри ин корхонаҳо ШСХК “Барқи тоҷик” меистад. Қарзи умумии ШСХК “Барқи тоҷик” ҳамроҳ бо ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки ин ду ширкат пас аз бозсозии “Барқи тоҷик” таъсис ёфтанд, бо назардошти қарзҳои ҷалбгардида барои амалисозии лоиҳаҳои электроэнергетикӣ зиёда аз 32 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо қарзи умумии ҳамаи истеъмолгарони ширкати “Барқи тоҷик” ба 3,7 млрд сомонӣ баробар аст.

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар ҷойи дуюм қарор дорад, ки аз моҳи сентябри соли 2020 бо мушкилоти молиявию техникӣ парвозҳои мунтазам анҷом намедиҳад.

Қарзҳои “Тоҷик Эйр” 40 млн доллар арзёбӣ мешаванд, ки нисфи он бояд ба ширкати Skyroad Leasing-и Литва барои истифодаи ду ҳавопаймои он пардохт шавад.

Дар рӯйхати корхонаҳои давлатии зиёновар ҶСК “НБО Роғун” низ номбар шудааст.

Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ бо дастур Ҳукумати кишвар таъсис дода шудааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2019 ба сохторҳои дахлдор дастур дода буд, ки ҷиҳати коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Вазифаи Шӯро – ин ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаҳои давлатӣ мебошад, ки ҳиссаи давлат дар он зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи омори расмӣ дар ҷумҳурӣ наздики 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Бузуртарини онҳо ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%) мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *