Ҳамагӣ 17 нафар боқӣ монданд…
Дар Тоҷикистон ҳоло 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳама кӯҳансолтарини онҳо ба синни мубораки 112-солагӣ расидааст.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқдадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба пешвози Рӯзи Ғалаба номи 17 нафар қаҳрамони ҷангро бо маълумот дар бораи рӯз, моҳ ва соли таваллуд, ҳамчунин суроғаи зисташон пешкаши шумо менамояд:
Шаҳри Душанбе
Бозор Нағзибеков – 15.11.1926, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем
Мухтор Заргаров – 29.04.1924, сокини ноҳияи Сино, ҷ/д Чоряккорон
Вилояти Суғд
Нозим Носиров – 05.10.1924, ноҳияи Деваштич, ҷ/д Далёни Боло
Бибола Рӯзиматов – 07.11.1925, ноҳияи Деваштич, ҷ/д Ғазантарак
Вилояти Хатлон
Зайнулло Алиев – 06.07.1926, шаҳри Бохтар, кӯчаи Каминтер-2
Сафаралӣ Файзиев – 09.05.1923, шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат
Розиқ Қосимов – 22.01.1926, ноҳияи Вахш, ҷ/д Тоҷикобод
Машраб Давлатов – 20.06.1926, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷ/д Калинин
Гулмурод Тағоев – 01.05.1924, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷ/д Ифтихор
Мирзо Ғафуров – 20.05.1926, ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик
Ҳабиб Сафаров – 25.01.1926, ноҳияи Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир
Яҳё Мирзоев – 23.08.1925, ноҳияи Ховалинг, деҳаи Муқимов
Навоҳии тобеи марказ
Рашид Каримов – 01.07.1912, шаҳри Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ
Шоҳамбарӣ Раҷаб Исмонов – 05.10.1926, шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав
Абдулазиз Қодиров – 15.06.1922, ноҳияи Шаҳринав, ҷ/д Шаҳринав
Раҷаб Қурбонов – 17.03.1926, ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб
Достӣ Умедов – 17.03.1925, ноҳияи Сангвор, ҷ/д Чилдара
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ширкат кардаанд, ки 92 ҳазор нафарашон аз ҷанг барнагаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ