Ҳисор: Буҷет 105% иҷро ва беш аз 4 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфт
Дар нимсолаи аввали соли 2025 буҷети шаҳри Ҳисор 105% таъмин гардида, ба 195 миллиону 988 ҳазор сомонӣ расид. Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллӣ Носирзода Ҷаббор зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, дар давоми шаш моҳи сипаригардида дар шаҳр 4119 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2387 ҷой зиёд мебошад.

Айни ҳол дар шаҳри Ҳисор 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 5 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа мусоидат мекунанд.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 2 миллиарду 276 миллион сомонӣ расида, суръати рушди иқтисодӣ 110% ташкил дод. Нишондодҳои афзоянда дар бахшҳои сохтмон – 159,3%, хизматрасонӣ – 112,6%, кишоварзӣ – 107,5% ва саноат – 106,9% ба қайд гирифта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ