Ҳодисаи нохуш боиси марги ду кӯдак дар Тоҷикибод шуд

Дар ҳудуди деҳаи Сафедмони ноҳияи Тоҷикобод бар асари ҳодисаи нохуш ду кӯдаки хурдсол бап ҳалокат расиданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, 14 апрел, тақрибан соати 11-и рӯз ду писарбачаи 4-сола ва 6-сола, ки дар назди дарёи Шурак бе назорати калонсолон истода буданд, ба об афтода, ғарқ шуданд.

“Пас аз корҳои ҷустуҷӯии наҷотдиҳандагони шӯъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт ҷасади писари 6-соларо пайдо ва берун оварда, ба хешовандон супориданд. Ҷасади писари 4-сола аллакай 15 апрел соати 6 субҳ дар 200 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуда, ба хешовандон супурда шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Кумита дар робита ба ин ҳодиса аз волидон хоҳиш кардааст, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд. Ҳар рӯз кӯдакон бояд пеш аз гузаштан аз роҳи автомобилгард қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, аз обанборҳо тавассути ҷойҳои номаълум нагузаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *