Ҷарима барои сӯзондани асъори миллӣ
Кормандони милитсияи пойтахт пас аз таҳқиқи навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳолати беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллиро ошкор карданд.
Муратова Умеда дар шабакаҳои иҷтимоии “Инстаграм”, ки дар мавзуи саводнокии молиявӣ навор нашр мекард, дар яке аз видеоҳояш купюраи 50-сомониро оташ задааст.
Бо далели ин амал, ки беэҳтиромӣ нисбат ба муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад, нисбати Муратова протокол тартиб дода шуда, ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ