Ҷазо барои “лайк” аз қонун бардошта шуд
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ рӯзи 10 апрел дар ҷаласаи аввалини ҳайати нав тарҳи қонунро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард, ки аз ин баъд барои лайк (нишонаи писанд) гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъқиби ҷиноятӣ пешбинӣ намекунад.
Тибқи иттилои нашрияи парлумонӣ «Садои мардум», ин ташаббус аз ҷониби Умед Каримзода, муовини аввали прокурори генералӣ пешниҳод шудааст. Вай хостори он гардид, ки барои нишонагузорӣ (лайк, смайлик ва ғ.) дар зери наворҳо ва паёмҳои интернетӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурра бекор карда шавад.
Дар тағйироти пешниҳодшуда гуфта мешавад, ки ба моддаҳои 179(3) ва 307(1) илова карда шавад, ки «ғайр аз ҳолатҳои тасдиқ (лайк гузоштан ва ё нишонаи дигар)».
Ёдрас мешавем, ки қаблан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ нигаронии худро аз он изҳор дошт, ки шаҳрвандон танҳо барои лайк кардан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндон маҳкум мешаванд. Ӯ 29 октябри соли 2024 чунин амалро танқид карда, таъкид намуд, ки «ин таҷриба бояд хотима ёбад».
Моддаи 179(3) ва 307(1) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қаблан барои ташвиқ ва сафедкунии фаъолиятҳои террористӣ ва экстремистӣ аз 3 то 15 соли ҳабсро пешбинӣ мекарданд.
Ҳоло тағйироти қабулшуда бояд аз ҷониби Маҷлиси миллӣ тасдиқ шуда, бо имзои Президент расмият пайдо кунад ва пас аз нашр дар рӯзномаи расмии давлатӣ мавриди амал қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ