Ҷилл дар орзуи дидори Мулло Ҷалил
Як зани Амрикоӣ баъди дидани сурати аксбардори маъруфи тоҷик Дидор Саъдуллоев орзу дошт, ки Домулло Ҷалилро аз деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент бубинад. Ин орзуи ӯ амалӣ шуд. Ӯ барои дидани мӯйсафеди нуронии 91-солаи тоҷик аз Амрико ба Тоҷикистон омад.
Дидор Саъдуллоев мегӯяд, ки акси Домулло Ҷалили Ворӯиро соли 2017 гирифта буд. Суратгири амрикоӣ Дэвид дар сафар ба деҳаи афсонавии Ворӯ Дидор Саъдуллоевро ҳамроҳӣ мекард. Ӯ акси бардоштаи Дидорро ба Ҷилл нишон медиҳад ва ин зан орзу мекунад, ки ин мӯйсафеди нурониро зиёрат ва деҳаи зебоманзари Ворӯро тамошо кунад.

“Вақте ки Ҷилл, зани 81-сола аз иёлати Колорадо ба назди бобо омад, ба ӯ салом дод ва паҳлуяш нишаст. Вай риши ӯро ламс карда, гиря кард. Ҷилл ба ӯ гуфт: «Ба ман дуо диҳед, ман ҳам ба шумо дуо медиҳам”. Тақрибан ним соат дар паҳлуи бобо нишаста буд, бо муҳаббат ва эҳтиром ба ӯ менигарист, аз хушӣ ашк мерехт ва шод буд”.

Дидор мегӯяд, ки Ҷилл ба ҳамсари Домулло Ҷалил як дастпона туҳфа кард ва гуфт: «Инро ба ёдгор аз ман нигоҳ дор».
Дидор Саъдуллоев мегӯяд, ки ӯ манзараҳои зебо ва мардуми деҳаи Ворӯ, аз ҷумла Домулло Ҷалилро соли 2017 акс бардошта буд. “Ин аксҳои ман соли 2018 дар Қазоқистон соҳиби ҷоиза шуданд. Соли 2020 бошад, ин аксҳо, аз ҷумла портрети Домулло Ҷалил дар Эрмитажи Русия ба намоиш гузошта шуданд”,- мегӯяд суратгир Дидор Саъдуллоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ