мурғ

Ҷопон: Бар асари хурӯҷи зукоми паранда 680 ҳазор мурғро нобуд мекунанд

Дар як фермаи мурғпарварӣ дар префектураи Ниигатаи Ҷопон хурӯҷи зукоми патогении паранда ба қайд гирифта шудааст, ки боиси марги оммавии мурғҳои тухмдор гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷопон дар корхонаҳои префектура 680 ҳазор паранда мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо метавонанд аз сабаби сироят нобуд карда шаванд.

“Агар санҷиши генетикӣ тасдиқ кунад, ки вирус патогенӣ аст, префектура тақрибан 680 ҳазор мурғро нест хоҳад кард… Ин чорумин хурӯҷи зукоми паранда дар фермаҳои парандапарварии префектура аст”,- навишт хабаргузории Asahi.

Тайи чанд моҳи охир дар Ҷопон бар асари зукоми мурғ тақрибан 1 миллиону 540 ҳазор мурғ кушта шудааст. Бемориҳо дар шаҳрҳои Мураками, Ага ва Ҷоетсуи префектураи Ниигата ба миён омадаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *