Ғолибони “Оскар-2021” муайян шуданд
93-умин маросими ҷоизасупории “Оскар” дар Лос-Анҷелес ба поён расид. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com.
Рӯйхати пурраи ғолибон дар соли 2021:
“Оскар” барои беҳтарин нақшофар – Энтони Хопкинс дар филми “Падар”.
Ҷоизаи “Оскар” барои беҳтарин ҳунарпешаи нақшофар – Фрэнсис МакДорман барои филми “Замини кӯчманчиён”.
“Беҳтарин филм” – “Замини кӯчманчиён”.
“Оскар” дар номинатсияи “Беҳтарин филми хориҷӣ” – филми “Боз яктаӣ” -и Томас Винтерберг.
“Оскар” барои беҳтарин коргардон – Хлои Чжао дар филми “Замини кӯчманчиён”.
“Оскар” барои беҳтарин бозигари нақши дуюм – Даниэл Калуя барои филми “Яҳудо ва Масеҳи сиёҳ”.
“Оскар” барои беҳтарин нақши дуюм миёни ҳунарпешагон – Юн Йо Ҷунг барои нақш дар филми “Минари”.
“Оскар” дар номинатсияи “Беҳтарин филми тасвирии тасвирӣ” – “Ҷон”.
“Оскар” барои беҳтарин суруд – Fight for You барои филми “Яҳудо ва Масеҳи сиёҳ”.
“Оскар” барои беҳтарин сенария – “Духтаре, ик умед мебахшад”.
“Оскар” барои беҳтарин сенарияи мутобиқшуда – филми “Падар” – и Флориан Зеллер.
“Оскар” барои беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳ – “Агар чизе рӯй диҳад, ман шуморо дӯст медорам” – и Вилл МакКормак ва Майкл Гове.
“Оскар” дар номинатсияи “Беҳтарин садо” – филми “Садои Металл” -и Дориюс Мардер.
“Оскар” дар номинатсияи “Ороиши мӯй ва рӯй” – филми “Ма Рейни: Модари Блюз”.
“Оскар” барои беҳтарин тарроҳии костюм – филми “Ма Рейни: Модари Блюз”.
“Оскар” барои беҳтарин филми кӯтоҳи бадеӣ насиби филми “Ду кӯдаки ношинос” шуд.
“Оскар” барои беҳтарин филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ – “Колет” -и Хюз Лоусон-Бади.
“Оскар” дар номинатсияи “Беҳтарин филми мустанади пурра” – “Муаллими ман – ҳаштпоя”.
“Оскар” барои беҳтарин эффектҳои визуалӣ – филми “Далел” – и Кристофер Нолан.
“Оскар” барои бахши “Беҳтарин рассомон” – Доналд Грэм Берт ва Ҷен Паскал барои филми “Манк”.
“Оскар” барои беҳтарин наворбардор – Эрик Мессершмидт дар филми “Манк”.
“Оскар” дар номинатсияи “Монтажи беҳтарин” – филми “Садои Металл”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ