Қаҳрамонии ҷавони тоҷик дар Маскав

Чанд рӯз пеш қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Маскав сӯхтори мошинро хомӯш мекард, дар сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ӯ бо мошини обкаши худ дар миёни роҳ меистад ва оташи мошини алангагирифтаро хомӯш мекунад.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо ин ҷавон, ки Отабек Мадраҳимов ном дорад, мусоҳиба кардааст. “Ман қарзи инсонии худамро иҷро кардам, гумон мекардам дар дохили мошин ягон одам, махсусан кӯдак ҳаст. Баъдан, хостам собит кунам, ки муҳоҷирон бадхоҳу ҷинояткор нестанд”,- мегӯяд дар суҳбат ин муҳоҷири тоҷик.

Баъди ин ҳодиса ба Отабек Мадраҳимов бисёриҳо ташаккур гуфтанд, вале ба қавли худаш, мақомоти Русия ӯро суроғ накарданд ва расонаҳои ин кишвар ҳам дар бораи қаҳрамонии ӯ хабаре надоданд.

Танҳо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо ин ҷавони тоҷик суҳбат карда, ба ӯ “Раҳматнома” тақдим кардааст.

Отабек Мадраҳимов зодаи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аст. Ӯ 27-сола ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Як сол дар мактаби зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгори фанни биология кор кардааст. Аммо бо сабаби кам будани маош ва мушкилоти молиявӣ ба Русия рафт.

Отабек Мадраҳимов се сол мешавад, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Ӯ дар хоҷагии комуналии ноҳиявии “Хорошёво Мневники” дар Маскав ба ҳайси ронандаи мошини обкаш кор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *