Қабули эътимоднома аз сафирони нави хориҷӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз, 19 феврал дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъйини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуд.
Зимни маросим ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арманистон Гевондян Армен Вачикович, Босния ва Гертсеговина Нияз Чардаклия, Малайзия Илҳам Туа бин Иллиас, Подшоҳии Испания Луис Франсиско Мартинес Монтес, Давлати Исроил Гидеон Лустиг, Ҷумҳурии Словения хонум Аленка Сухадолник, Ҷумҳурии Чехия Любомир Фреборт ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Ҷамол Боқир Абдулло эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.
Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба сафирони навтаъйин иброз доштааст, ки “Боиси хушҳолист, ки давлатҳои шумо имрӯз дар сафи дӯстон ва шарикони воқеии Тоҷикистон қарор доранд ва мо ба тавсеаи робитаҳои ҳасана бо онҳо аҳаммияти рӯзафзун медиҳем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ