Қадамҳои нави ҳамкорӣ: Раиси Девони вазирони Қирғизистон ба Душанбе омад

Имрӯз, 4-уми март, раиси Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев бо як сафари корӣ ба Душанбе омад.

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти ӯ бо Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва ҳамчунин музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор мегардад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар поёни мулоқотҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.

Қаблан, 21-уми феврал, дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоӣ оид ба сарҳади давлатии ду кишвар ба имзо расида буд. Интизор меравад, ки охири моҳи март ин созишнома расман аз ҷониби президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон тасдиқ шавад.

Сафари Қосималиев ба Душанбе идомаи музокироти ду ҷониб доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *