Қадимият ва ҳувияти хоси Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи Мовароуннаҳр ҷойгир аст, аз замонҳои қадим гаҳвораи тамаддун ва таърих ба ҳисоб меравад. Дар ин сарзамини нек тамаддунҳои зиёде рушд намуда, ба ғанигардонии фарҳанги ҷаҳониён саҳм гузоштаанд, донишмандону файласуфоне дар он парвариш ёфтаанд, ки дар роҳи хизмат ба инсоният нақши муҳим доштанд ва то ҳол низ доранд.
Тоҷикистони муосир, ки соли 1991 истиқлолият ба даст овард, ба рушди чашмрас ноил шуд, узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёю рушди кишвар ва таъмини амнияту субот, ки мусоидат ба дарҳои боз барои қабули сайёҳон ва сармоягузорон намуд, таъсири хеле мусбат расонид.
Сею ним сол аст, ки банда дар пойтахти зебо — шаҳри Душанбе ҳастам ва бо рағбат ва камоли хушӣ ба чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафар намуда, аз меҳрубониву самимияти мардуми тоҷик бархӯрдор гаштам. Ин сифати беҳамтоест, ки ба шарофати он мардуми тоҷик бо саховатмандӣ ва ҳувияти хоси худ шуҳратёр гардидааст. Ин ҳувият реша дар замину кӯҳҳои баланди Тоҷикистон дошта, бо урфу одат ва анъанаҳои онҳо ҳамзистӣ мекунад, ки бархе аз онҳо ба урфу одат ва анъанаҳои Арабистони Саудӣ шабоҳат доранд.

Ман шоҳиди шодию хурсандии мардум дар тӯйҳо ва дигар чорабиниҳои дилхушкунандаи онҳо будам.
Ҳамчун мухлиси футбол, ман ҳамеша раванди рушди дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро пайгирӣ мекардам ва ҳанӯз аз оғози ҳузурам дар Душанбе гуфта будам, ки футболи тоҷик дар ҳоли рушд аст ва Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё хоҳем дид. Дар ҳақиқат, дастаи мунтахаби миллӣ дар ин мусобиқа иштирок кард ва бо сатҳи баланди бозӣ сазовори таҳсину офарин гардид. Ҳамзамон, бозигарони барҷастае чун дарвозабон Ятимов, нимҳимоятгар Ҷалилов ва дигарон тавонистанд, ки мухлисонро шод гардонанд. Умедворам, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар финали чемпионати ҷаҳон, ки соли 2034 дар мамлакати ман — Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, бубинам.
Ман таманнои ҳамешагии пешрафти кишвари зебои шумо, сулҳу оромӣ ва рушди онро дорам.
Валид бин Абдулраҳмон ар-Решайдан,
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ