Зафабек Давлатзода

Қарзи Агентии беҳдошти замин зиёд шуд

Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба 456,9 млн сомонӣ расидааст. Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Зафарбек Давлатзода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, дар як сол қарзи ин ниҳод ба ширкати мазкур 90,9 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст. «Сабаби асосии болоравии қарзи Агентӣ дар паст будани ҳақи хизмати обрасонӣ ва баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ аст»,- афзуд манбаъ.

Ӯ гуфт, ки дар мавсими обёрии соли 2022 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз ҳудуди 8,1 млн кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то 426 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 53 адад чоҳҳои амудӣ кор карда, кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намудаанд. Давлатзода афзуд, ки ҳақи хизмати обрасонӣ ба маблағи 69 млн сомонӣ аз ҷониби истифодабарандагони об пардохт карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *