Қарзи мушкилситон. Кӣ дар Хуросон андозро намесупорад?

Дар ноҳияи Хуросон бақияи қарзи андоз наздики шаш миллион сомонӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бақияи қарз дар ҳамин давраи соли гузаштаи 2019 се миллион сомонӣ будааст.

Маҳмадалӣ Беков, сармутахассиси бахши ситонидани қарз дар Нозироти андози ноҳияи Хуросон гуфт, дар ноҳия қарзи мушкилситони андоз кам не, беш аз 20 миллион сомонӣ аст. Ӯ мегӯяд, қарзи мушкилситон асосан ба ширкату корхонаҳое тааллуқ дорад, ки роҳбаронаш ё дар маҳбасанд ва ё вафот кардаанд. “Ба ҳамин хотир рӯёнидани қарзи мушкилситони андоз қариб, ки номумкин аст”, -афзуд вай.

“Дар ноҳияи Хуросон чор ҷамъият ба рӯйхати қарзи мушкилситон ворид шудааст. ҶДММ “Шарифӣ 2013” зиёда аз 2 миллиону 380 ҳазор қарздор аст. Давоми чор сол аст, ки ин корхона фаъолият намекунад. Ягон шахси масъулашро пайдо карда намешавад. Бори дувум аст, ки роҳбараш маҳбас мешавад. Ба ҳамин монанд боз ҳафт ҷамъияту корхонаи дигар дар назди нозироти андоз қарздоранд, ки дар маҷмӯъ 20 миллиону 863 ҳазору 213 сомониро ташкил медиҳад” — афзуд ӯ.

Дар баробари қарзи мушкилситон боз  5 миллиону 956 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давра соли 2019 бақияи қарз ҳамагӣ се миллион сомонӣ будаасту халос. Ба гуфтаи Маҳмадали Беков, сармутахассиси бахши ситонидани қарз дар Нозироти андози ноҳияи Хуросон асосан бақияи қарз аз ҳисоби ташкилоту идораҳои буҷетӣ аст. “Аз ҷамъи умумии бақияи қарз 2 миилиону 700 ҳазор сомониаш ба ташкилоту идораҳои буҷетӣ рост меояд”, афзуд ӯ ва илова кард, ки мо суратҳисоби Раёсати молияро бастем то қарзи андозро пардохт кунанд.

Эмомализода Бадриддин, сардори Раёсати молияи ноҳияи Хуросон дар суҳбати телефонӣ тасдиқ кард, ки аз 24 июли соли равон суратҳисоби раёсати молия бастааст. “Барои пешгирӣ аз дигар хароҷотҳо ва танҳо пардохти музди меҳнат суратҳисоб баста шуд”,-мегӯяд ӯ.

Ӯ гуфт, нақшаи ҷамъоварии андоз дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 91 дарсад иҷро шудаасту халос. “Ба буҷети ноҳияи Хуросон 1 миллиону 668 ҳазор сомонӣ кам ворид шуда, нақшаи қисми даромади буҷет таъмин нагардид”,- афзуд вай.

-То имрӯз (21 ноябри 2020) аз ҳисоби музди меҳнати моҳи октябри соли равон, мутаассифона, беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ қарздорем. Аз ин 1 миллиону 20 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва 700 ҳазор сомонии дигар аз соҳаи тандурустӣ мебошад,-афзуд ӯ. -Агар маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоят гузаронида шавад, қарзи музди меҳнат пурра пардохт хоҳад шуд,-мегӯяд ӯ.

Кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон музди  меҳнати моҳи октябрро нагирифтаанд. Аммо Раҷабалӣ Гулов, сардухтури беморхонаи мазкур дар суҳбати телофонӣ гуфт, “Мо маошамонро гирифтаем. Ман дар ҷанозаам. Вақти суҳбат кардан надорам” ва телефонашро хомӯш кард.

Дар ҳамин ҳол Аҳмадзода Илҳом, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Хуросон дар суҳбати телефонӣ қарздории музди меҳнатро тасдиқ карда гуфт, мо дар ин масъала корбарӣ дорем. “Ёрдам карда истодаем. Бо Вазорати молияи кишвар ва масъулини вилояти Хатлон дар самти маблағҳои мақсаднок (субвенсия) кор карда истодаем. Марҳила ба марҳила пардохт мешавад” — афзуд вай.

То ба охир расидани моҳи ноябр чанд рӯзи дигар мондааст. Аммо мутаассифона, иддае аз кормандони буҷетӣ дар ноҳияи Хуросон ҳанӯз маоши моҳи октябрро нагирифтаанд. Ба андешаи ин ҷониб, танҳо таваҷҷуҳи хосаи масъулин ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ метавонад мушкили қафомонии музди меҳнат ва пардохт нашудани андозро бартараф кунад. Шумо чӣ назар доред, масъулини муҳтарам?

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.