Қатъи раводиди электронӣ барои Тоҷикистон
Додани раводиди электронии сайёҳии Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан қатъ гардидааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Узбекистон, номи Тоҷикистон ва Узбекистон аз рӯйихати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонистанд аз хадамоти eVisa истифода баранд, ҳазф шудааст.
Сабабҳои расмии ин тағйирот то ҳол эълон нашудаанд. Ба иттилои манбаъҳо, дар маҷмӯъ додани раводид барои шаҳрвандони 10 кишвар муваққатан қатъ гардидааст.
Берун кардани Тоҷикистон ва Узбекистон аз рӯйихат баъди ҳодисаи пурсарусадо дар Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт, ки дар он 15 шаҳрванди Узбекистон баъд аз муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Дубай боздошт шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ