Мурсал Набизода

Қатли собиқ вакили парлумон Мурсал Набизода дар Кобул

Мурсал Набизодаи 32-сола, ки қабл аз ба қудрат расидани Толибон вакили парлумони Афғонистон буд, дар Кобул кушта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ӯ як муҳофиз низ тир хӯрда, бародари ҷабрдида ва як муҳофизи дигар захмӣ шудаанд.

Бо вуҷуди пешниҳодҳои сершумори тарки Афғонистон, Мурсал дар ватанаш монд ва муборизаро барои ҳуқуқи занон идома дод. «Ӯ муҳофизи нотарси Афғонистон буд»,- гуфтаанд ҳамкорони собиқи вакил.

«Набизода як пештози ҳақиқӣ — зани қавӣ буд, ки медонист чӣ мехоҳад. Ӯ бо вуҷуди таҳдиди ошкор аз эътиқоди худ даст накашид ва аз тарки кишвар худдорӣ кард»,- гуфтааст Мариам Сулайманҳил, ки низ дар гузашта вакили парлумон будааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.