Қирғизистон насби монеаҳои симхорро дар марз бо Тоҷикистон оғоз кард
Қирғизистон ба насби монеаҳои симхор дар сарҳад бо Тоҷикистон шуруъ кард.
Тавре 24.kg бо такя ба иттилои Хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд менависад, корҳо аз нуқтаи пайванди марзи се кишвар — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон оғоз шудаанд.
Маросими оғози кор ба таври онлайн бо иштироки Қамчибек Тошиев, муовини раиси Девони вазирон ва раиси КДАМ-и Қирғизистон баргузор гардид. Дар марҳилаи аввал насби монеаҳо дар масофаи 420 километр ба нақша гирифта шуда, интизор меравад, ки то охири соли 2025 анҷом ёбад.

Ёдовар мешавем, 13 марти соли 2025 президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон — Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар шаҳри Бишкек созишномаи таърихиро дар бораи муайянсозии марзи давлатӣ ба имзо расониданд. Барои расидан ба ин тавофуқ, ду кишвар тақрибан 23 сол музокира анҷом додаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ