Ҳаққи тасдиқи ваколатнома барои мошин дар Тоҷикистон ду баробар зиёд шуд
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ба лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки дар асоси он ҳаққи тасдиқи ваколатнома барои истифода ва ихтиёрдории воситаҳои нақлиёт зиёд карда мешавад.
Лоиҳаи мазкур, ки бо пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия гардида, рӯзи 29-уми май ба парлумон ирсол шуда буд ва он 25-уми июн аз ҷониби вакилон қабул гардид. Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ворид карда шудаааст ва он тамоми гурӯҳҳои шаҳрвандонро дар бар мегирад. Аз ҷумла, хешовандони наздик ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
Тибқи тағйироти қабулшуда:
- Барои фарзанд, фарзандхонда, ҳамсар ва падару модар ҳаққи тасдиқи ваколатнома аз 25% нишондиҳанда барои ҳисобҳо (18,75 сомонӣ) ба 50% нишондиҳанда (37,5 сомонӣ) мерасад.
- Барои бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ ҳаққи тасдиқи ваколатнома аз 50% то 100% нишондиҳанда, яъне аз 37,5 сомонӣ ба 75 сомонӣ зиёд мегардад.
- Барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо ҳуқуқи истифодаи воситаи нақлиёт ваколатнома медиҳанд, ҳаққи хизматрасонӣ аз 2 нишондиҳанда (150 сомонӣ) ба 4 нишондиҳанда (300 сомонӣ) боло меравад.
- Ҳаққи ваколатномаи бо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ низ аз 15 нишондиҳанда (1 ҳазору 125 сомонӣ) ба 30 нишондиҳанда (2 ҳазору 250 сомонӣ) баробар мегардад.
Баъди тасвиб аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти мамлакат, тағйирот расман дар матбуот нашр гардида, пас аз он ба ҳукми амал медарояд.
Тибқи омори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар кишвар зиёда аз 666 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки наздик ба 587 ҳазор адади он мошинҳои сабукрав мебошанд. Ин рақам дар муқоиса ба 10 соли охир қариб ду маротиба зиёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ