Ҳабси абад барои қатли ҳамсару фарзандон

Суди вилояти Суғд Зокир Азамов, сокини 40-солаи ноҳияи Зафарободро барои куштори ҳамсар ва фарзанди 11-солааш ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҷиноят шаби 28-уми ноябри соли 2024, дар заминаи рашк ва адовати оилавӣ рух додааст. Азамов, ки сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод аст, бо гумони хиёнат аз тарафи ҳамсараш Фирӯза Азамова даст ба куштори ӯ ва фарзандаш Саёдхон задааст.

Ӯ бо табаре, ки қаблан аз бозор бо нияти содир кардани ҷиноят харида буд, ҳамсар ва фарзандашро ба қатл расонида, ҷасадҳоро бо бензин оташ задааст, то изи ҷиноятро пинҳон кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *