Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо Сипосномаи Хадамоти алоқа қадрдонӣ гардид (видео)
7 майи соли равон ба ифтихори Рӯзи радио, телевизион ва алоқаи Тоҷикистон маросими тантанавӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату идораҳо ва ниҳодҳои технолоҷӣ баргузор гардид. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар суханронии худ саҳми расонаҳо ва ниҳодҳои технологиро дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва иртиботӣ муҳим арзёбӣ кард.
Бо сипоснома ва унвони “Устоди алоқа” шахсиятҳои зерин сарфароз гардиданд:
–Хуршед Фазуллозода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ;
–Суҳроб Ализода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио;
–Саъдӣ Самадзод, директори КВД “Шаҳри ҳушманд”;
–Файзидин Хайридинзод, директори генералии ҶСК “Телерадиоком” ва чанде аз роҳбарони ширкатҳои мобилӣ ва корхонаҳои соҳавӣ.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ барои ҳамкории пурсамар ва саҳми назаррас дар рушди иттилоот ва соҳаи алоқа бо Сипосномаи махсус сарфароз гардид.
Ин нашрия солҳост бо мазмуни амиқ ва нигоҳи созанда фаъолият мекунад ва миёни мардум эътибори баланд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ