Ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҷиҳати таъсиси Фонди сармоягузорӣ
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардидаанд.
— Зимни мулоқот доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Туркия ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия корбарӣ карда мешавад,- меафзояд манбаъ.
Шарҳ