Ҳамкории USAID бо Вазорати тандурустӣ ҷиҳати озмоиши шаклҳои COVID-19

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ягона дастгоҳи муайянсозии махсуси геномӣ-секвенаторро барои озмоиши шаклҳои гуногуни бемории COVID-19 азнавсозӣ менамояд.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дастгоҳи мазкур бо таҷҳизот ва мавод, ки аз ҷониби USAID таъмин шудааст, фаъол мегардад ва омӯзиши нав дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

“Ман аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба низоми тандурустии Тоҷикистон тағйироти бунёдӣ ва навоварона меорад ва муборизаи муассирро бар зидди COVID-19 таъмин менамояд, хеле ифтихор мекунам”,- зикр мекунад Ҷеймс Пэрис, иҷрокунандаи вазифаи директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *